Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

Картингрони моҳир шудан мехоҳед?

E-mail Печать PDF
Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

sample

Картингро  бори нахуст сарнишинони ҳарбии  Амрико  асос гузоштанд.  Картингронӣ аз зинаҳои аввалияи варзиши автомобилӣ ба шумор меравад. Аксари варзишгарони варзидаи «Формула -1», аз ҷумла Михаил Шумахер, Себастян Феттел, Фернандо Алонсо ва дигарон  роҳи худ ба варзиши бузургро аз картингронӣ шурӯъ намудаанд.

 

Варзиши картингронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз замони шӯравӣ ташаккул ёфта, дар даврони истиқлолият аз нав эҳё гардид.

 

Навъҳои  маъмули варзишии картингронӣ:

«Мини» - дорои муҳаррики 50 сантиметри мукааб,

бо суръатнокии то 100 км/с, барои варзишгарони аз 6 то 12 - сола

«Юниор» - дорои муҳаррики 125 сантиметри мукааб,

бо суръатнокии 120-140 км/с, барои варзишгарони аз 12 то 16 - сола

«Миллӣ» - дорои муҳаррики 125 сантиметри мукааб,

бо суръатнокии  180 км/с, барои варзишгарони аз 16 – сола боло

«С- 2»- - дорои муҳаррики 125  сантиметри мукааб,

бо суръатнокии то 200 км/с, барои варзишгарони аз 18 - сола боло

 

Картингронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ – амалии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбати техника ва барои рондани воситаҳои техникии калонҷаҳм омода намудани онҳо ба шумор меравад.

Шумо нисбати варзиши картингронӣ шавқу рағбат доред? Пас дар шаҳри Хуҷанд ба картодроми «Формула – К» - и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа муроҷиат намоед!

 

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер