Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Таърих
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

ТҶММ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

 

Истиқлолият дар таърихи созмони мудофиавии Тоҷикистон саҳифаи нав ва марҳилаи тозаи тағйироту пешрафтро боз намуд. Бо шарофати сарварии оқилона ва ботадбиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саросари кишвари маҳбуби моро ба арсаи азму талош, ташаббусу созандагӣ, ободониву шукуфоӣ табдил дод, кормандон ва аъзоёни ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон тавонистанд дар даврони соҳибистиқлолӣ эътибор ва шукӯҳи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, онро ба созмони пешқадам, соҳибнуфуз, худкифо ва мӯътабар мубаддал гардонанд.


Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вориси ДОСААФ – и Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, имрӯз дорои заминаи мустаҳками техникӣ, анъанаҳои пуршарафи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, ҷамоаи меҳнатии беш аз дуҳазорнафара буда, дар сафҳои худ беш аз 500 ҳазор аъзоёни ихтиёриро муттаҳид месозад. Ҳамасола он барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан мефиристад. Барои тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи чорабиниҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ – варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватанпарастона дорад. Имрӯз дар натиҷаи амалӣ намудани барномаи дигаргунсозиҳо он ба захираи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ – таълимӣ ва ҳарбӣ – варзишӣ соҳиб гардидааст.
Соли хониши 2009 – 2010 дар заминаи ташкилот литсейи касбӣ – техникӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки айни ҳол беш аз 200 нафар ҷавонони завқи техникӣ дошташро барои соҳибкасбу бомаърифат намудан ба оғӯши хеш гирифтааст. Таълимгирандагони литсей ҳамзамон бо маълумоти умумии миёна, соҳиби касбҳои сарнишини ҳавопаймоҳои хурд, челонгари барқӣ, устои таъмиргари воситаи нақлиёт мегарданд.
Ба фаъолият оғоз намудани нахустин литсейи касбӣ – техникӣ дар сохтори ҷамъияти мудофиавии кишвар як таҳаввули ҷиддӣ, гардиши азим, падидаи навоварона ва воқеан ҳам як инқилоб буд. Чунин рухдод дар таърихномаи мавҷудияти созмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳифаи тозаеро бозкушоӣ намуд, ки муждарасони сатҳу сифати нави фаъолият ва пешрафт ба шумор меравад.
Қаблан низоми таҳсилот дар созмони ватанпарастони кишвар дар қолаби анъанавӣ, ки асосан ба фаъолияти мактабҳои ронандагӣ такя мекунад, ҷараён дошт. Чунин низоми фаъолият хоси қисмати асосии таърихи беш аз ҳаштодсолаи ташкилот аст. Аммо аввалин солҳои асри XXI собит намуд, ки барои таъмини фаъолияти мӯътадили ташкилот як навъ барномаи амал дигаргунсоз зарур аст. Зеро аллакай асоси иқтисодиёти миллиро гуногуншаклии моликият ташкил медод ва он дар қонуни асосии кишвар, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, таъкид ёфта буд.
Дар ин доира муассисаҳои хусусии таълимӣ низ бо дарёфти намудани иҷозатномаи фаъолият аз мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҳуқуқи тайёр намудани кадрҳои ронандагиро пайдо намуданд. Рақобат дар бозори тайёр намудани мутахассисони касбҳои ронандагӣ торафт шадид гардид. Бо вуҷуди он ки созмони мудофиавии кишвар дар ин ҷодаи мутахассистайёркунӣ мақоми калидӣ дорад, рӯ овардан ба шаклҳои нави хизматрасонии таълимӣ тақозои замон буд.
Чунки аз як ҷониб пайдоиши шумори зиёди муассисаҳои хусусии ронандатайёркунӣ метавонист боиси кам гардидани шумори касомӯзон дар муассисаҳои таълимӣ гардад, аз тарафи дигар бошад, кам шудани гурӯҳҳои таълимӣ метавонист ба он оварда расонад, ки пойгоҳҳои муҷаҳҳази таълимии ташкилот ба таври пурра ва пурсамар ба нафъи эҳтиёҷоти хоагии халқ ва рушди миллӣ истифода нагарданд.
Чунончи, ба ин Мактаби муттаҳидаи техники ҷумҳуриявӣ мисол шуда метавонад, ки миёни муассисаҳои таълимии ташкилот дорои пойгоҳи моддӣ – техникии васеъ ва мукаммал аст. Имрӯз як қисми заминаҳои моддӣ – таълимии дар ихтиёрдоштаи ин мактаб дар истифодаи литсейи касбӣ – техникӣ қарор гирифтааст.
Бедор намудан ва инкишоф додани завқи техникии насли наврас ва ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои анъанавии ҷамъияти ватандӯстони мамлакат ба ҳисоб меравад. Ба ин манзур дар сохтори ташкилот маҳфилҳои техникии аваимоделезим, маҳфилҳои варзишии тирандозони ҷавон, картингронҳо, мотосиклронон ва ғайра амал мекунанд, ки ҳадафи ҳама онҳо ҷалбу ҷазби насли наврас ба намудҳои техники варзиш, такмили шавқу рағбати онҳо нисбати дунёи пурэъҷози техникаву технология ва ихтироъкории техникист.
Бар асоси Ойинномаи ташкилот, ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабти давлатӣ гардидааст, самти асосии фаъолияти онро тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва рушди намудҳои техникии варзиш ташкил медиҳад. Дар шароити нави иқтисодӣ ташкилот барномаи амали худро ба талаботи замон мутобиқ сохта, самту ҳадафҳои ойинномавии худро пеш мебарад.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ,дар ҳама давру замон, созмони ватанпараст, тарбиятгар ва омодасози ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мактаби обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон, мактаби парварандаи ҷасорату мардонагӣ, далерию маҳорат, ватанпарварию садоқат, мактаби нангу номуси миллӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Сифати таълим ва андешидани чораҳои иловагӣ бобати баланд бурдани он дар мадди назари доимии мо қарор доранд ва мо ба он афзалият медиҳем. Мо тадриҷан тамоми воситаҳои аёниро ба забони давлатӣ тарҷума намуда, усули нави омӯзиши компютериро ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намуда, миён муассисаҳои таълимии тобеи ташкилот паҳн намудем. Дар ин чаҳорчӯба дастгоҳҳои компютерӣ ва таҷҳизоти мултимедиапроектор харидорӣ намуда, синфхонаҳои таълимиро муҷаҳҳаз кардем.
Барои баланд бардоштани тахассуси касбии муаллимони назариявӣ ва қойидаҳои ҳаракат дар роҳ дар назди Ташкилоти курсҳои такмили ихтиссос амал мекунад, ки он ҳамасола чандин даври машғулиятҳои бозомӯзиро бо ҷалби мутахассисони таҷрибадори соҳа баргузор месозад.
Пайваста воситаҳои нақлиёти таълимиро низ аз ҳисоби мошинҳои тавлидоти ҳозиразамон пурра намуда истодаем.
Таърихномаи ҳавонавардӣ дар ташкилоти мо аз июни соли 1936 шурӯъ шуда, оғози давраи пуравҷи фаъолияти он ба солҳои 70 –уми асри гузашта рост меояд. Ин замон ҳазорон нафар ҷавонон нахустин парвози худро бо тайёраи АН – 2 анҷом медоданд. Беҳтарин саҳми бошгоҳи ҳавопаймоӣ дар ин давра ва даҳсолаҳои минбаъда ин ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои ҳамасолаи варзиши ҳавопаймоӣ мебошад, ки зимни он садҳо тоҷикистониён аз маҳорати парвози ҳавонавардони ватанӣ лаззат бурда, аз муваффақиятҳои онҳо ифтихор мекарданд.
Имрӯз клуби ҳавопаймоии ҷумҳурӣ барои иҷрои барномаҳои ҷамъиятӣ – давлатӣ омодааст. Ба мушкилоти техникӣ ва молиявӣ нигоҳ накарда, клуби ҳавопаймоӣ барои ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзиши ҳавопаймоӣ сайъ дорад. Тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои Клуби миллии ҳавопаймоӣ зиёда аз 300 ҷаҳиш аз парашют анҷом дода шуд. Ҷавонони нисбатан фаъолу умедбахш ба гурӯҳи варзишгарони клуб шомил карда шуданд, ки онҳо имкон доранд ба таври доимӣ машқи варзишӣ кунанд.
Дар заминаи Клуби миллии ҳавопаймоӣ маркази таълимии тайёр намудани ҳавонавардони авиатсияи хурд таъсис ёфт. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои тайёр намудани чунин навъи мутахассисон ба бошгоҳ иҷозатнома дод.
Мубориза зидди ҳашароти зараррасон, бахусус малах собит намуд, ки ягона роҳи муваффақонаи нобудсозии он ин истифодаи тайёраи АН – 2 мебошад. Авиатсияи хурде, ки дар заминаи Клуби миллии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, дар мубориза бо малах чӣ дар ҷануб ва чӣ дар шимоли кишвар иштирок намуда, майдонҳои кишти марди деҳқонро аз осеби малах эмин нигоҳ дошт. Ҳамон вақт масъалаи тайёр намудани мутахассисони ватании соҳаи идоракунии авиатсияи хурд ба миён омад. Чунки дар вақти мубориза бо ҳуҷуми малах дар баробари мушкилоти сӯзшиворӣ масъалаи бо ҳавонаварди касбӣ вогузоштани идораи ҳавопаймо аз худ дарак дод. Роҳбарияти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки ватандӯстонаи зарурати тайёр намудани кардҳои миллӣ дар соҳаи авиатсияи хурд барои дар заминаи Клуби миллии ҳавопаймоӣ таъсис додани манбаи омодасозии ҳавонавардони тайёраи АН – 2 иқдом намуд. Ва ин иқдом самар овард.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи ҳавонавардии хурд дар кишвар, тайёр намудани кадрҳои ватанӣ дар ин бахш ва тақвияти мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дархости ба ихтиёри худ гирифтани фурудгоҳҳои аҳамияти ноҳиявидошта муроҷиат намуда буд. Хушбахтона ин иқдом дар сатҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат дастгирӣ ёфт ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурудгоҳҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ ва Қумсангир ба тавозуни Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардиданд.
Дар қадами аввал роҳбарияти Кумитаи Марказии ТҶММ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомотеро ҷиҳати тармиму таҷдиди инфрасохтори ин фурудгоҳҳо рӯи даст гирифт. Фурудгоҳи ноҳияи Шаҳритус баъди таъмири утоқҳои корӣ, фароғатӣ ва ёрирасони он мавриди истифода қарор гирифт. Ба дунболи он тармими фурудгоҳи ноҳияи Фархор шурӯъ шуд, ки санаи 5 октябри соли 2008 маросими ботантанаи оғози кори он баргузор гардид.Бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 адад тайёраи дигар аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидорӣ гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ барои нобудсозии ҳашароти зараррасон истифода хоҳанд шуд.
Чандин сол буд, ки Клуби миллии ҳавопаймоӣ дар самти тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва тайёр намудани варзишгарон бинобар набудани парашютҳои замонавии таълимӣ ва варзишӣ танқисӣ дошт. Бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ мушкилоти мазкур рафъ гардида, аз корхонаи истеҳсоли парашюти вилояти Ивановои Федератсияи Русия 7 адад парашютҳои таълимӣ ва варзишӣ харидорӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Дастрас намудани чунин таҷҳизоти варзишии гаронқиммати замонавӣ имкон медиҳад, ки минбаъд Клуби миллии ҳавопаймоӣ ҳам барои эҳтиёҷоти Артиши миллӣ ва ҳам барои дастаи мунтахаби варзишгарони варзиши авиатсионӣ мутахассисони ботаҷриба омода намуда, мусобиқоти ҷаҳиш аз парашютро дар ҷумҳурӣ баргузор созад ва барои ширкат дар муособиқоти байналмилалӣ дастаи миллии парашютчиёнро мукаммал гардонад.
Иштироки дастаи миллии варзишгаронги тирандози ҷумҳурӣ дар мусобиқоти сатҳи байналхалқӣ тайи чанд сол аст, ки вусъати бештар пайдо намудааст. Чунин пешрафт самараи таваҷҷӯҳ ва дастгирии роҳбарияти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ ва Федератсияи варзиши тирандозии кишвар ба шумор меравад.
Дар ин доира аз 16 то 23 – июни соли 2011 дар шаҳри Мюнхени Олмон Ҷоми ҷаҳон оид ба тирандозӣ доир шуд, ки дар он ҳайате ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ба муносибати 88 – солагии таваллуди пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар ин кишвар дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи Шӯрои Марказии ДОСААФ – и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусобиқаи байналмилалии варзиши парашютпартоӣ ҳамасола доир мегардад. Ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа чандин дафъа иштирок доштанд.
Яке аз самтҳои ойинномавии фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди варзиш, оммавӣ гардонидани навъҳои ҳарбӣ – амалӣ ва техники варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба маҳфилу клубҳои варзишӣ ба шумор меравад. Пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бо варзишгарони кишвар дастовардҳои варзишӣ дар созмони мудофиавии кишвар дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагӣ, тақвияти фаъолият дар ин бахш боз ҳам диданиву назаррастар гардиданд. Шурӯъ аз соли 2011 бошад, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба таври ҳармоҳа афзоиш ёфта, комёбиҳо ва натиҷаҳои варзишӣ бештар гардиданд. Таъмин намудани клубҳои варзишӣ бо лавозимоти варзишӣ беҳтар шуд, шумори зиёди наврасон ба намудҳои варзиши тирандозӣ, авиатсионӣ, авиамоделизм, картингронӣ, мотосиклронӣ ва бахусус гӯштини миллӣ, каратэ- киёкушинкан ва ғайра фаро гирифта шуданд. Дар таърихи 84 – солаи ташкилот, хусусан дар марҳилаи ба замони истиқлолияти давлатӣ марбутбудаи он чунин таҳаввулу пешрафт дар ҷодаи варзиш бесобиқа ва хушбинкунанда мебошад.
Варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии ҷамъияти мудофиавии кишвар Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов бо давъати Федератсияи миллии варзиши автомобилию мотосиклронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд.
Иштироки онҳо дар ин чорабинии варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, шаҳодати ба арсаҳои мӯътабари ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони риштаи мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Чанд сол муқаддам Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникӣ мотосиклҳои замонавии ҷопонии тамғаи «СУДЗУКИ» - ро дастрас намуд. Ҳамчунин мактаби автомобили Ёвон ва мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода низ мотосиклҳои замонавӣ харидорӣ карданд. Минбаъд дар назар аст, ки шумори чунин васоити техникии варзишии тавлидоти муосир афзун карда шавад.
Ҳамасола дар машқгоҳҳои ташкилот, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Сарбанду Турсунзода ҷойгиранд, мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии пойгаи мотосиклронӣ доир мешаванд.
Ганҷинаи медалҳои тиллоӣ ва биринҷии созмони мудофиавии кишвар, ки дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст омадаанд, торафт ғанӣ мегардад. Хусусан таъсиси клуби «Десантчии ҷавон» ва ба он ҷалб кардани варзишгарони умедбахш тавонист барои комёб шудан ба дастовардҳои беҳтарин замина фароҳам оварад.
Варзишгарони клуби “Десантчиёни ҷавон” – и дар давоми фаъолияти кӯтоҳи худ соҳиби 26 медали ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аксарияти ғолибон аз ҷониби раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ барои ҳунарнамоии шоён дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ қадршиносӣ гардиданд. Мураббиёни варзишгарон низ сазовори ҷойизаҳои пулӣ шуданд.
Яке аз рухдодҳои муҳиме, ки дар доираи таҳаввулоти умедбахши рушди намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш дар ҷумҳурӣ ҷараён гирифт, ин баргузории мусобиқаи картингронӣ дар картодроми «Формула - К» - и шаҳри Хуҷанд буд, ки соли гузашта ба муносибати Рӯзи ҷавонон барпо шуд ва дар қиёс бо солҳои пешин сатҳу оммавияти бештар дошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе шарафи мизбонии як чорабинии сатҳи байналмилалиро, ки намоёнгари эътибори ба таври рӯзафзун болоравандаи кишвари мустақили мо ба шумор меравад, ба зимма дошт.
Аз 16 то 19 – сентябри соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ дар асоси ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Анҷумани панҷуми Шӯрои Марказии ДОСААФ – и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ – техникии кишварҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд.
Маросими ботантанаи оғози мусобиқа дар саҳни Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури доираи васеи кормандони баландпояи мақомоти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими пойтахт ва хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватанию хориҷӣ доир шуд.
Пӯшида нест, ки пешбурди тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастӣ ва инкишофи намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш бидуни дастгирии молиявӣ дар таъмиру азнавсозии пойгоҳҳои варзишӣ, харидории таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ғайриимкон аст. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз ва тадбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ҳарбӣ – ватанадӯстӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва инкишоф додани намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш тайи солҳои охир бо такя ба воситаҳои пулии бахши худмалағгузории худ дар ин самтҳо корҳои намоёнеро ба сомон расонид. Аммо зиёд шудани шумораи мактабҳои хусусии ронандатайёркунӣ ҳиссаи муассисаҳои таълимии ташкилотро дар бозори омодасозии ин қабил мутахассисон коҳиш дод. Аз ин ҷост, ки бо кам шудани ҳаҷми даромадҳои молиявии ташкилот дар ин ҳисоб дар бахши тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ мушкилот ба миён омад. Зарурат пайдо шуд, ки аз ҷониби буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағгузорӣ афзуда шавад.
Дар буҷети давлатӣ маблағҳои лозимӣ ҷиҳати таъмиру азнавсози заминаҳои моддӣ – техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрас кардани таҷҳизоти варзишӣ пешбинӣ гардида истодаанд.
Падидаи дигари шоёни таъкиди даврони соҳибистиқлолӣ ин эҳёи бозии ҳарбӣ – варзишии «Шафақ» буд, ки дар шаҳри Душанбе миёни мактабиёни пойтахт доир шуд ва тавонист шаақу рағбати ҷавононро нисбати намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш бедор сохта, тақвият бахшад.
Мусобиқаи варзиши тирандозӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба истиқболи солгарди таъсисёбии Артиши Миллӣ ҳамасола доир мегардад, наздики 500 нафар аз шумори хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар он иштирок варзида, беҳтаринҳо ба ба дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе шомил мешаванд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ байни ҷавонони синни тодаъватӣ чунин чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешаванд, ки аз як ҷониби ҳадафи баргузории онҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, такмили маҳорати варзишии онҳо ба шумор равад, аз тарафи дигар ин қабил мусобиқаҳо барои омода намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи артиш нақши муассир мебозанд.
Таҳлиҳо нишон дод, ки созмонҳои ибтидоӣ бояд фаъолияти худро мувофиқ ба муқаррароти ойинномаи ташкилот ба роҳ монанд. Аз ин хотир зарур аст, ки кор дар ин самт ҷоннок карда шаванд.
Созмонҳои мудофиавии вилояти Хатлон нақшаи корҳои оммавӣ – мудофиавиро, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ баргузор мекунад, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанхоҳӣ мусоидат менамояд. Зимни гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи корҳои оммавӣ – мудофиавӣ шумори зиёди ҷавонони синни тодаъватӣ ба чорабиниҳои варзишӣ ва тарғиботӣ фаро гирифта шуда, дар баргузории тадбирҳои мазкур фаъолияти ҳамоҳанги шӯъбаҳои маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назаррас ва қобили қадрдонист. Инъикоси фаъолиятҳои тарғиботи ҳарбӣ – ватанхохӣ ва рушди варзишҳои ҳарбӣ –амалӣ тавассути расонаҳои иттилоотии маҳаллӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ ба таври доманадор сурат гирифта, дар ин самт ҳамкории ояндадор ва босамар ба роҳ монда шудааст.
Барои бо шароити хизмати аскарӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ошно сохтани ҷавонони синни тодаъватӣ рӯзҳои дарҳои кушод дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят гузаронида шуданд, ки барои ба хизмати ҳарбӣ омода намудани сарбозони оянда нақши муассир мебозанд.
Кумитаи вилоятии созмони мудофиавии вилояти Суғд ва кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии он, инчунин бошгоҳҳои варзишӣ ва мактабҳои муттаҳидаи техникиву автомобили ҳудуди вилоят ҷиҳати таъмини иҷроиши ҳадафҳои ойинномавии ташкилот дар арсаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва омода сохтани мутахассион барои эҳтиёҷоти артиш ва хоҷагии халқ ҳамкории доимӣ, судманд ва ба манфиати тарафайнро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои соҳаи маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мондаанд.
Чунин ҳамкорӣ натиҷа дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ – техникии ташкилот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд. Аз ҳисоби ин маблағҳо бинои кумитаи вилоятӣ, бошгоҳи варзиши тирандозии вилоятӣ ва филиали клуби миллии ҳавопаймоӣ дар шаҳри Чкалов таъмиру таҷдид шуда, барои хариди парашютҳои таълимӣ ва варзишӣ, картингҳо ва лавозимоти дигар маблағҳои лозимӣ ҷудо гардид.
Созмони мудофиавии кишвар фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони худро мутобиқ ба талаботи замон ва вазъияти пешомада дар бозорҳои истеъмолии ҷаҳон тақвият бахшида, тадбиқи шаклҳои нави хоҷагидориро ба роҳ мондааст.
Дар доираи тадбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бунёди боғҳои нав ва созандагию ободонии кишварамон роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи боғдорӣ иқдом намуд.
Чун қадами нахуст дар ин ҷода дар ноҳияи Ҳамадонӣ хоҷагии ниҳолпарварӣ чанд сол қабл таъсис дода шуда буд. Соли равон бошад, дар маҷмӯъ масоҳати боғҳои бунёднамудаи ташкилот дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Ҷилликул, Фархор, Ғончӣ, Ховалинг, Рӯдакӣ ва Ҳисор ба наздики 40 гектар расид. Аксари ин боғот дар заминҳои аз истифодаи кишоварзӣ берунмонда, бо кашидани хати интиқоли об ва анҷом додани дигар корҳои зарурӣ бунёд гардида, дар он тамоми намуди дарахтони мевадиҳанда, аз қабили нок, себ, гелос, чормағз, бодом, зардолу, олӯ, анор ва ғайра шинонида шуданд. Инчунин дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир ва Рӯдакӣ парвариши лимӯ дар гармхонаҳо ба роҳ монда шуд.
Бунёди биноҳои маъмурӣ ва таълимӣ барои он зерсохторҳои ташкилот, ки пойгоҳи лозимии моддӣ – техникӣ надоранд, дар замони истиқлолият вусъат пайдо намуд. Ин кор ҷузъи барномаи умумии бо биноҳои худӣ таъмин намудани созмонҳои мудофиавии шаҳру ноҳиявии кишвар мебошад, ки чанд соли охир бамаром идом дорад. Дар доираи ин иқдом бо усули ҳашар ва ҳамдастиву дастгирии ҳамаи зерсохторҳои кумита солиёни пеш созмонҳои мудофиавии ноҳияҳои Шӯробод, Рӯдакӣ, Ғончӣ ва Турсунзода соҳиби биноҳои маъмурӣ ва таълимӣ гардиданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 – феврали соли равон зери сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, барномаи «Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва варзиши ҳарбӣ-амалии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2015» тасдиқ гардид.
Қобили қайд аст, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо ин қабил барнома бори нахуст таҳия ва тасдиқ шуд, ки ба навъи худ рухдоди пураҳамият ва муҳим ба шумор меравад. Барномаи мазкурро Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия намуда, бо мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқа сохта, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуда буд.
Ҳадаф аз мавриди амал қарор додани ин барнома ба низоми муайян ва пурсамар ворид намудани маҷмӯи чорабиниҳои марбут ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ, таккон бахшидан ба рушду нумӯи намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш ба шумор меравад.
Барнома аз қисмати асосӣ ва замимаҳо иборат буда, дар таҳияи он гурӯҳи корӣ ҳамаи махсусиятҳои пешбурди фаъолиятҳои вобаста ба тарбияи ҳарбӣ – ватанхоҳӣ ва инкишофи намудҳои ҳарбӣ – техникии варзишро ба назари эътибор гирифтаанд. Дар қисмати ибтидоии барнома ҳадафи таҳия ва тадбиқ, моҳият ва аҳамияти он бо назардошти ҳадафҳои ойинномавии созмони мудофиавии кишвар асоснок карда шудаааст. Қисмати замимавии барнома аз маҷмӯи чорабиниҳои дар доираи тадбиқи он амалишаванда ва сарчашмаҳои молиявии иҷрои тадбирҳои пешбинишуда таркиб ёфтааст.
Сохтмону азнавсозии иншоотҳои варзишӣ, дастрас ва харидорӣ намудани воситаҳои техникии варзишӣ, инчунин баргузории мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявии гуногун аз рӯи намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш, барпо намудани чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ, эълону баргузор кардани озмунҳои таблиғи ормонҳои ватанхоҳи миёни рӯзноманигорону нависандагон ва аҳли ҳунар ва ғайра аз ҷумлаи чорабиниҳои асосие мебошанд, ки давоми солҳои 2012 – 2015 амалӣ хоҳанд гардид.
Бо итминон метавон гуфт, ки амалӣ намудани муқаррароти дар барномаи зикрёфта қадами ҷиддӣ ва устуворе хоҳад буд, ки раванди корҳои тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстиро ба зинаи сифатан тозаи пешрафт бароварда, уфуқи наверо дар ин самт боз хоҳад намуд.
Кунун роҳбарияти ташкилот барномаи мукаммали рушд ва пешрафти соҳаро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст, ки ҳадафи ниҳоии он тақвияти пояҳои моддӣ – техникии фаъолияти ташкилот, дуруст ва пурсамар ба роҳ мондани иҷрои ҳадафҳои ойинномавӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон ба шумор меравад. Иҷрои ин вазифаи пешгузошта аз бисёр ҷиҳат ба масъулиятшиносӣ, садоқати касбӣ ва азму талоши пайгиронаи ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад. Боварӣ дорам, ки бо анҷом додани ин нақшаву ниятҳо мо дар мустаҳкам намудани иқтидору эътибори ташкилот ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон ва таҳкими боз ҳам устувортари истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда ва намоёни худро хоҳем гузошт.

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер