Соли 1927, апрел. Дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои ОСО ва АВИАХИМ - и РАСС Тоҷикистон масъалаи муттаҳидшавии ин ҷамъиятҳо бо номи ягонаи ОСОАВИАХИМ ба амал омад.
Соли 1927, 10 - 17 июл. Дар ҷумҳурӣ ҳафтаи Мудофиаи мамлакат барпо гардид.
Соли 1927 , 7 ноябр. Ба муносибати 10 - солагии Инқилоби Октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи якуми ҷумҳуриявии мерганҳо гузаронда шуд.
Соли 1928, 30 март. Оид ба масъалаи тарғиби корҳои ҳарбӣ - ватандӯстӣ байни комсомолону ҷавонон музокираи якҷояи Шӯрои марказии ОСОАВИАХИМ ва кумитаи вилоятии комсомол баргузор гардид.
Соли 1929, 21 ноябр. Дар "Хонаи деҳқон" - и шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Анҷумани якуми муассисони ОСОАВИАХИМ - и РСС Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Соли 1929, ноябр - декабр. Маъракаи умумии ҷамъоварии мабалағ барои сохтани тайёраи "Тоҷикистони Сурх" баргузор гардид.
Соли 1930, ноябр. Дар ҷумҳурӣ Даҳаи Мудофиаи мамлакат таҷлил гардид.
Соли 1930, ноябр. Дар Шӯроҳои ноҳиявии ОСОАВИАХИМ ҷойҳои корӣ дар вазифаи котибони масъул ҷорӣ карда шуд.
Соли 1931, март - июн. Ҳуҷуми мусаллаҳонаи босмачиён таҳти роҳбарии Иброҳимбек. Шикасти босмачиён.
Соли 1932, 23 феврал. КМ ВКП (б) барои такмили корҳо дар соҳаи мудофиа қарор "Дар бораи ОСОАВИАХИМ" - ро қабул кард.
Соли 1933, август. Дар шаҳри Душанбе мактаби тобистонаи банақшагирии ОСОАВИАХИМ кушода шуд.
Соли 1936, март. Анҷумани 2 - юми ОСОАВИАХИМ - и Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд.
Соли 1936, июн. Дар Душанбе маҳфили аэроклуби ОСОАВИАХИМ ифтитоҳ ёфт.
Соли 1937, 1 июл. Мактаби савораҳои ҳарбии ОСОАВИАХИМ кушода шуд.
Соли 1938, март. Анҷумани 3 - юми ОСОАВИАХИМ - и Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1938, сентябр. Ифтитоҳи мактаби ронандагӣ ва радиошунавонӣ дар назди Шӯрои шаҳрии сталинободии ОСОАВИАХИМ ба вуқӯъ омад.
Соли 1938, 25 октябр. Баргузории Пленуми 2 - юми УС ОСОАВИАХИМ - и Тоҷикистон.
Соли 1939, 31 октябр. Фармони Президиуми Совети Олии Тоҷикистон дар бораи дохил шудани вилоятҳои Сталинобод, Ленинобод, Ғарм ва Кӯлоб ба РСС Тоҷикистон.
Соли 1940, январ. Бо сабаби интиқоли техника ва ҳайати ВВС аэроклуби сталинободии ОСОАВИАХИМ баста шуд. Ин ташкилот дар шаҳри Ленинобод (вилояти Суғди ҳозира) кушода шуд ва он ҳам соли 1942 бо сабаби интиқоли техникаи ҳарбӣ ба Армияи Советӣ баста шуд.
Соли 1940, март. Кушодашавии курсҳои тайёрӣ барои командирҳои хурди мустаъфӣ дар шаҳри Сталинобод.
Соли 1940, сентябр. Дар назди КМ ПК (б) Тоҷикистон баҳри равнақ бахшидан ба соҳаи мудофиавии умумихалқӣ ҷаласаи роҳбарони вилоятии Кумитаи ОСОАВИАХИМ ва сардорони шӯъбаҳои тайёрии ҳарбӣ барпо гардид.
Соли 1940, ноябр. Вазъи омӯзиши ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи Шӯрои Марказии ОСОАВИАХИМ - и Иттиҳоди Шӯравӣ санҷида шуд.
Соли 1941, 22 июн. Қабули Қарори Шӯрои Марказии ОСОАВИАХИМ - и Иттиҳоди Шӯравӣ "Дар бораи вазифаҳои ташкилоти ОСОАВИАХИМ ба муносибати омӯзиши ҳолати ҳарбӣ".
Солҳои 1942 - 1945. Барои ҷамъоварии маблағ ба фонди мудофиаи мамлакат, барои фонди кӯмак ба ташкилотҳои ОСОАВИАХИМ - и озодшудаи ҳудудҳои аз душман озодкардашуда.
Соли 1947, 27 январ. ОСОАВИАХИМ - и Иттиҳоди Шӯравӣ барои комёбиҳо дар кори ҷоннок кардани мудофиаи мамлакат ва 20 - солагии ташкилёбиаш бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шуд.
Соли 1948, 5 май. ОСОАВИАХИМ ба се ҷамъияти худфаъолият тақсимбандӣ гардид. Ҷамъияти ихтиёриёни ҳамгироии армия (ДОСАРМ), Ҷамъияти ихтиёриёни ҳамгироии авиатсия (ДОСАВ), Ҷамъияти ихтиёриёни ҳамгироии флоти ҳарбии баҳрӣ (ДОСФЛОТ). Дар Тоҷикистон моҳи майи ҳамин сол ду ҷамъият ташкил ёфт: ДОСАРМ ва ДОСАВ.
Соли 1951, 28 ноябр. Ташкилотҳои ДОСАРМ ва ДОСАВ ба ДОСААФи РСС Тоҷикистон муттаҳид карда шуд.
Соли 1952, сентябр - октябр. Дар вилоятҳои Ленинобод ва Қӯрғонтеппа маҳфилҳои автомотоклуб ва дар Ленинобод радиоклуби ДОСААФ кушода шуд.
Соли 1953, 18 - 19 декабр. Конфронси якуми ДОСААФи РСС Тоҷикистон кушода шуд.
Соли 1954, 16 сентябр. Пленуми 2 - юми ҷумҳуриявии Кумитаи ДОСААФ баропо гардид, ки он масъалаи "Дар бораи ҳолат ва чораҳои оид ба беҳтар кардани корҳои ҳарбӣ - умумии ДОСААФи ҷумҳурӣ" - ро муҳокима намуд.
Соли 1956, 5 июн. Пленуми чоруми кумиати ҷумҳуриявии ДОСААФ барпо гардид. Дар он вазифаҳои ҷамъият, ки аз қарорҳои Анҷумани 20 - уми КМ ПК бармеоянд, муҳокима гардиданд.
Соли 1957, 31 январ. Барои муваффақиятҳо дар фаъолият ва ба муносибати 30 - солагии ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъияти мудофиавии ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Соли 1957, 17 сентябр. Пленуми 6 - уми ҷумҳуриявии Кумитаи ДОСААФ барпо шуд. Дар он барои комёбиҳо дар фаъолият ташкилоти ҷумҳуриявӣ бо Байрақи Сурхи Кумитаи Марказии ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуд.
Соли 1958, 22 январ. Конфронси 2 - юми ҷумҳуриявии ДОСААФи РСС Тоҷикистон барпо гардид.
Соли 1958, феврал. Анҷумани 4 - уми Умумииттифоқии ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ барпо шуд.
Соли 1960, 13 апрел. Пленуми 6 - уми ҷумҳуриявии Кумиати ДОСААФ барпо гардид, ки дар он вазифаҳои навбатии ДОСААФи ҷумҳурӣ қарорҳои Анҷумани 13 - уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Пленуми Кумитаи Марказии ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ муҳокима гардид.
Соли 1961, 28 феврал. Пленуми 7 - уми ҷумҳуриявии кумитаи ДОСААФи ҷумҳурӣ барпо шуд. Пленум вазъи иҷрои ӯҳдадориҳои сотсиалистии ташкилотҳои ДОСААФи ҷумҳуриро дар соли 1960 ва вазифаҳои навро барои соли 1961 муҳокима намуд.
Соли 1961, 7 июн. Ҷамъомади фаъолони мудофиаи ҷумҳуриявии КМ ЛКСМ ва КМ ДОСААФи Тоҷикистон, ки ҳолати ҷорӣ ва чораҳоро барои равнақи мудофиаи умумӣ ва корҳои варзиширо дар байни ҷавонони ҷумҳуриро мавриди муҳокима қарор доданд.
Соли 1961, 27 октябр. Пленуми 8 - уми ҷумҳуриявии Кумитаи ДОСААФ барпо шуд. Дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: "Дар бораи вазъи иҷрои ӯҳдадориҳои сотсиалистӣ ба муносибати Анҷумани 22 - юми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ ва "Ҳисобот ва интихобот дар ташкилотҳои ДОСААФи ҷумҳурӣ".
Солҳои 1960 - 1961. Аз рӯйи намудҳои варзишии ҳарбӣ - техникӣ Спартакиадаи 2 - юми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барпо шуд.
Соли 1962, 27 март. Конфронси 3 - юми ҷумҳуриявии ДОСААФи Тоҷикистон барпо гардид.
Соли 1962, май. Анҷумани 5 - уми Умумииттифоқии ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ барпо шуд.
Соли 1962, 18 сентябр. Баргузории Пленуми дуюми Кумитаи ҷумҳуриявии ДОСААФ, ки ӯҳдадориҳои ба зимма гузошташударо дар партави қарорҳои 5 - уми Анҷумани КМ ДОСААФи Иттиҳоди Шӯравӣ бармеояд, муҳокима намуд.
Соли 1963, феврал. Кушодашавии клуби баҳрии ДОСААФ дар Ленинобод.
Соли 1963, 2 апрел. Пленуми 3 - юми Кумитаи ҷумҳуриявии ДОСААФ барпо шуд, ки чунин мавзӯҳоро ҳаллу фасл намуд: "Дар бораи инкишофи минбаъдаи ҷамъиятҳои ибтидоӣ ва ташкилотҳои ДОСААФи ҷумҳурӣ" ва "Дар бораи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ дар бораи тайёрии аҳолӣ ба мудофиаи гражданӣ".
Соли 1963, 3 октябр. Баргузории Пленуми 4 - уми Кумитаи ҷумҳуриявии ДОСААФ, ки ҳолати корҳои варзишӣ ва вазифаҳои ташкилоти ДОСААФи ҷумҳурӣ дар бораи тайёрӣ ба Спартакиадаи 3 - юми умумииттифоқӣ оид ба навъҳои ҳарбӣ - техникии варзиширо муҳокима намуд.
Соли 1964, 25 июн. Ҷаласаи фаъолони мудофиаи ҷумҳуриявӣ ба Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзишӣ, ҳарбӣ – техникӣ барпо гардид.
Соли 1964, 16 декабр. Пленуми 5 – уми Кумитаи ДОСААФ барпо гардид. Дар он иҷрои қарорҳои Пленумҳои 3 ва 4 – уми КМ ДОСААФ Иттиҳоди Шӯравӣ дида баромада шуд, ҳамчунин вазифаҳои ояндаи кумита дида баромада шуд, ки вазифаҳои ояндаи ҷамъиятро муайян намуд.
Соли 1965, феврал. Қарори якҷояи КМ кумитаи ленинии ҷавонон, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Кумитаи ДОСААФ Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҷоннок кардани корҳои ҳарбӣ – ватандӯстии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ДОСААФ Тоҷикистон дар мактабҳо» қабул гардид.
Соли 1965, 25 март. Ҷаласаи фаъолони мудофиаи ҷумҳуриявӣ барпо шуд. Дар он натиҷаҳои даъват ба хизмати ҳақиқии ҷавонон дар партави қарори қабулкардаи Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 20 июли соли 1964 ва вазъи чорабиниҳо оид ба беҳтар гардондани корҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 1965, октябр. Ташкилоти Ҷамъияти мададгори мудофиа ба шакли худмаблағгузорӣ гузашт.
Соли 1966, 16 март. Пленуми 6 – уми ҷумҳуриявии ДОСААФ Тоҷикистон барпо шуд. Дар он масъалаи «Оид ба чорабиниҳо ва ислоҳи камбудиҳо дар кори ДОСААФ Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 1966, апрел. Ифтитоҳи машқгоҳи тирпарронӣ дар ДОСААФ Тоҷикистон.
Соли 1966, 7 май Қарори КМ ҲКИШ ва Совети Вазирони ИҶШС «Оид ба беҳ гардондани вазъи ДОСААФ Тоҷикистон» қабул гардид.
Соли 1967, 20 январ. Кумитаи ҷумҳуриявии ДОСААФ барои комёбиҳо дар кори ҷамъият ва ба муносибати 40 – солагии ДОСААФ Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Соли 1967, 22 март. Конфронси 4 – уми ҶТММ Тоҷикистон барпо гардид.
Соли 1967, 30 май – 2 июн. Баргузории Анҷумани 6 –уми умумииттифоқии ДОСААФ.
Соли 1967, октябр. Қабули қонуни нави ИҶШС «Дар боари ӯҳдадориҳои ҳарбӣ».
Соли 1967, 21 ноябр. Барои муваффақиятҳо дар мусобиқаи сотсиалистӣ ба муносибати 50 – солагии Тоҷикистон ДОСААФ бо Ифтихорномаи КМ ДОСААФ ИҶШС мукофотонида шуд.
Соли 1968, 12 март. Пленуми 2 юми умиҷумҳуриявии КМ ДОСААФ Тоҷикистон барпошуд, ки дар он дар бюораи вазифаҳои ташкилот дар партави қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳукмии умумии ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 1969, 10 июн. Баргузории Пленуми 3 - юми чумҳуриявии Кумитаи ДОСААФ Тоҷикистон барпо шуд. Пленум масъалаи «Оид ба тайёрӣ ба ҷашни В. И. Ленин» -ро дида баромада, масъалаҳои дигарро оид ба фаъияти минбаъдаи ташкилот муайян намуд.
Соли 1970, 20 январ. Пленуми 4 – уми ҷумҳуриявии ДОСААФ барпо шуд. Он натиҷаҳои кори соҳаро дар давоми сол ва вазъи иҷрои қарорҳоро дар партави Пленуми 4 – уми ДОСААФ ИҶШС оид ба беҳ гардондани ташкилотҳои ибтидоии ДОСААФ дида баромад.
Соли 1970, ноябр. Ифтитоҳи мактаби техникии ДОСААФ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Соли 1971, 5 март. Пленуми 5 – уми ДОСААФ барпо шуд. Дар он масъалаи «Дар бораи тайёрии умумумии ҳарбӣ дар ташкилотҳои ҷамъияти мададгори мудофиаи Тоҷикистон дар вилояти Ленинобод ва ноҳияи Роҳи Оҳан дида баромада шуд.
Соли 1971, 21 – 24 декабр. Анҷумани 7 – уми умумииттифоқии ДОСААФ ИҶШС барпо шуд.
Соли 1972, 28 феврал. Пленуми 2 – юми КМ ДОСААФ Тоҷикистон барпо гардид, ки натиҷаҳои кори Пленуми 7 – уми Анҷумани умумииттифоқии ДОСААФ ИҶШС сармашқи кор намуда, вазифаҳои ояндаи корҳои мудофиавиро дар ташкилоти ҷамъиятии Тоҷикистон дида баромад.
Соли 1973, 29 январ. Пленуми 3 – юми КМ ДОСААФ Тоҷикистон барпо гардида, натиҷаҳои дар Пленуми 2 – юми КМ ДОСААФ ИҶШС ба миёномадаро муҳокима намуд. Ҳамчунин дар ин Пленум вазифаҳои ДОСААФ Тоҷикистонро доир ба ҷоннок гардондани корҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани базаи техникии ҷамъиятро мавриди муҳокима қарор дод.
Соли 1973, 27 август. Пленуми 4 – уми КМ ДОСААФ Тоҷикистон барпо шуд, ки масъалаи вазъият ва ҳолати чорабиниҳоро оид ба инкишофи минбаъдаи намудҳои ҳарбӣ – техникӣ, варзиширо дар Тоҷикистон дида баромад.
Соли 1974, 9 июл. Пленуми 5 – уми Кумитаи Марказии ДОСААФ Тоҷикистон баргузор гардида, кори ташкилотро оид ба тайёрии ҷаонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дида баромад.
Соли 1975, 10 апрел. Баргузории Пленуми 6 – уми КМ ДОСААФ Тоҷикистон. Муҳокимаи натиҷаҳои маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ ва конфронси ДОСААФ Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилоту кумитаҳои ҷамъият ба муносибати муроҷиат ба КМ ҲКИШ, ба халқи Шӯравӣ.
Соли 1975, 23 декабр. Пленуми 7 – уми КМ ДОСААФ Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаи ҳолат ва беҳ гардондани корҳои мудофиаи оммавӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоии ДОСААФ Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 1976, 2 март. Пленуми 8 – уми ғайринавбатии КМ ДОСААФ Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард. Масъалаҳои ташкилӣ дида баромада шуд. Дар он Х. Ш. Шарифовро узви Кумитаи марказӣ, узви Президиум ва муовини раиси КМ ДОСААФ Тоҷикистон интихоб намуд. Дар он ҳамчунин Барномаи ДОСААФ Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои ба сомонрасондаи ташкилот дар партави қарорҳои таърихии Анҷумани 25 – уми КМ ҲКТ дида баромада шуд, ки дар Пленуми 9 – уми апрели соли 1976 пешниҳод гардида буд.
Соли 1976, 20 апрел. Пленуми 9 – уми КМ ДОСААФ Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он ҳолат ва дурнамои беҳ гардондани корҳои оммавӣ – мудовиавӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстиро дар ҷумҳурӣ дар партави қарорҳои Анҷумани 25 – уми КМ ҲКИШ ва тайёрӣ ба Анҷумани 4 – уми ДОСААФ Тоҷикистон муҳокима кард.
Соли 1976, 17 декабр. Дар Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Анҷумани 4 - уми ДОСААФ Тоҷикистон барпо гардид.Бо супориши КМ ҲКТ дар Анҷуман мудири шӯъбаи маъмурии ташкилотҳои КМ ҲКТ Боҳиров С. Б. маърӯза кард ва табрикоти ҲК Тоҷикистонро ба иштирокдорони Анҷуман расонид. Дар Анҷуман инчунин фармондеҳи қушунҳои округи ҳарбии Осиёимиёнагӣ генерали армия Лященко Н. Г. низ ба сухан баромад.
Дар бораи фаъолияти КМ ДОСААФ Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ полковник Мамадов В. М. бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад кард. Анҷуман натиҷаҳои фаъолияти бисёрҷабҳаи истеҳсолии КМ, ташкилотҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ташкилотро низ мавриди муҳокима қарор дод. Дар кори Анҷуман гуфта шуд, ки дар давраи навбатии ҳисоботӣ дар ташкилоти ҷумҳуриявӣ 3415 ташкилоти ибтидоӣ арзи вуҷуд кардааст, ки дар онҳо 881 ҳазор нафар узви ҷамъият номнавис гардидаанд. Аз ин миқдор 65 фоизашро аҳолии аз синни 14 боло ва коргарони касбу кори гуногун дарбар гирифтааст. Дар давраи ҳисоботӣ ташкилотҳои ибтидоии ҷамъият ба 281, теъдоди узви он ба 147 ҳазор нафар расидааст.Ҳамчунин дар Анҷуман қайд гардид, ки тайёр кардани кадрҳо барои сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ва хоҷагии деҳот дар қаноатбахш аст.Танҳо дар соли 1976 тайёр кардани кадрҳои дорои ихтисосҳои баланд барои хоҷагии деҳот 22787 нафарро ташкил додааст, ки қисми зиёдашон кадрҳои механизаторӣ мебошанд.
Дар давараи ҳисоботӣ ба тайёр кардани кадрҳои варзишӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. 41 ҳазор нафар варзишгар обутоб дода шуд, ки дар байни онҳо 38 нафарашон дорои унвони устоди варзиш ва 423 нафар номзад ба устоди варзиши Тоҷикистонанд. Дар байни онҳо варзишгарони номӣ В. И. Полосин, Ю. И. Баранов, В. А. Зотов, Е. Н. Прокопенко, В. Е. Ерёмин В. И. ВыперайленкоВ. И. бо маҳорати баланди худашон фарқ мекунанд.
Анҷуман Кумитаи Марказии ДОСААФ Тоҷикистонро дар ҳайати 75 нафар муаррифӣ намуд, ки дар ҳайати комиссияи тафтишотӣ 5 нафар, ҳайати иштирокчиён барои ширкат дар Анҷумани навбатии 8 – уми ДОСААФ 11 нафар (Боҳиров. С. Б., Соколов. А. Г., Мамадов. В. М., М. Н. Абдуллоев., Бобоҷонов. А. А., Шарифов. Х. Ш., Боготопов. А. И., Ҳайдаров. И., Хусравов, О., Меликов., Шоев М) шомил гардиданд.Пленуми ташкилии КМ ДОСААФ Тоҷикистон аз нав рафиқон Мамадов В. М.,- ро раиси КМ ДОСААФ Тоҷикистон, Шарифов Х. Ш., ва Ковалёва А. М.,- ро муовинони раис интихоб намуд. Ба узвияти президиуми КМ ДОСААФ Тоҷикистон 16 нафар интихоб гардиданд.
Соли 1977, 25 – 26 январ. Дар Қасри Калони Кремли шаҳри Москва Анҷумани 8 – уми умумииттифоқии ДОСААФ барпо шуд. Дар он Фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 21 январи соли 1977 дар бораи мукофотонидани ДОСААФ бо мукофоти олии Ватан - ордени Ленин қироат карда шуд. Гуфта шудааст, ки ташкилоти мазкур барои саҳми босазо гузоштанаш ба масъалаи мудофиавии умумӣ, дар таҳкими тайёр намудани коргарон ва муҳофизати Ватан, инчунин ҳиссагузорӣ дар соҳаи артиш, авиатсия ва флоти баҳрӣ бо ин мукофот қадрдонӣ карда шудааст.
Соли 1977, 9 апрел. Дар бинои Театри драмавӣ – русии ба номи Вл. Маяковскийи шаҳри Душанбе Пленуми 3 – юми КМ ДОСААФ РСС Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 50 – солагии ҷамъият барпо шуд. Котиби дуюми КМ ҲКТ Полукаров Ю. И. табрикоти Кумитаи Марказиро расонид. Дар ин ҳамоиш инчунин Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи мукофотонидани ҷамъият бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қироат карда шуд. Ҳамчунин дар ин Пленум суханронии генерал – майор Мамадов В. М. дар мавзӯи «Оид ба фаъолияти КМ ДОСААФ РСС Тоҷикистон ва вазифаҳои минбаъдаи он» шунида шуд. Чунонки маърӯзачӣ гуфтааст, ҳамаи ташкилотҳо ва аъзоёни ташкилоти ҷумҳуриявӣ мисли дигар халқиятҳои Иттифоқи Советӣ ДОСААФ РСС Тоҷикистон низ баҳри ҳимояи дастовардҳо ва сиёсати дохилию хориҷии Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ мубориза бурда, дар кори ҳаррӯзаи сохтмони коммунистӣ ва имкониятҳои мудофиавии мамлакат саҳмгузорӣ мекунанд. Бино ба маълумоти ӯ ДОСААФ РСС Тоҷикистон дар сафҳои худ 1 миллиону 429087 узви ташкилот дорад, ки 86, 6 фоизи умумии аҳолии болотар аз 14 - соларо дарбар гирифтааст.
Тӯли шаш соли охири фаъолияти ин ташкилот ва мактабҳои ронандагӣ дар кори баргузории озмунҳои соҳавии он кумитаҳои ДОСААФ ноҳияҳои вилояти Ленин- обод, навоҳии Марказӣ ва Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ленин, Турсунзода, Ғарм, Колхозобод, Фархор, Москва, Қӯрғонтеппа хеле назаррас буданд.Дар ин ҷойҳо намунаи беҳтарини мактабҳои омӯзиши автомобил кушода шуд, ки талабгорон касби ронандагиро бо маҳорати баланд азхуд намуданд.
Дар аксари ташкилотҳои ДОСААФ шаҳри Душанбе, вилоятҳои Ленинобод,Кӯлоб дар асоси барномаҳои ягона корҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар ҳоли қаноатбахш ба роҳ монда шудаанд, ки онҳо дар асоси роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ ва тасдиқномаи онҳо амалӣ шудаанд. Фарогирии теъдоди иштирокчиён ва амалӣ шудани азму ниятҳои онҳо дар кори ҳарбӣ - ватандӯстӣ боиси шодмонист, зеро агар дар соли 1982 дар чунин маъракаҳо қариб 500 ҳазор нафар комсомолону ҷавонон ширкат ҷуста бошанд, пас дар бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Зарница» ва «Орлёнок» бештар аз 300 ҳазор нафар пионерону мактаббачагон иштирок кардаанд. Дар солҳои охир бештар аз 2, 5 ҳазор адад хонаҳои пионерон ва музейҳои ҳарбию шӯҳрати меҳнат, 396 ёдгориҳои таърихӣ – муҷассамаҳо, тахтаҳои ифтихорӣ ва монанди ин ташкил карда шуданд.
Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки дар ин давра фаъолияти клубҳои техникӣ- варзишии ҷавонону наврасон дар вилоятҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, ноҳияҳои Октябр ва Ҳисор боз ҳам афзоиш ёфтанд. Дар ин давра барои хоҷагии халқи мамлакат 170151 мутахассис тайёр карда шуд, ки аз онҳо 23380 нафарашон барои пешрафти деҳот дар назар дошта шуда буданд.
Пас аз Анҷумани 5 – уми ДОСААФ РСС Тоҷикистон аллакай бештар аз ду сол сипарӣ гардид. Акнун мамлакат барои пешвоз гирифтани Анҷумани 27 – уми ҲК ИҶШС бо сарбаландӣ тайёрӣ мебинанд. Он ба таърихи 25 – уми феврали соли 1986 рост меояд.
Дар маърӯзаи худ, дар Пленумҳои мартӣ ва апрелии КМ ҲКИШ Котиби Генералии КМ ҲКИШ Михаил Сергеевич Горбачёв ояндаи инкишофи иқтисодиёти мамлакатро таҳлил намуд. Вай қайд кард, ки танҳо бо дарки масъулият ва тақвият бахшидан ба бозсозӣ метавонем ба дастовардҳо дар кори беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои ҳаёти мамлакат аз ҷумла, рушди иқтисод ноил гардем.Чунонки ӯ изҳор дошт, мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодӣ ва шукуфоии соҳаи хоҷагии мамлакат аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад, зеро иқтисодиёт омили пешрафти кишвар маҳсуб меёбад. Барои ба ин амал мушарраф гардидан, - қайд намуд М. С. Горбачёв, - механизмҳои хоҷагидорӣ, бахусус, хоҷагидории соҳаи кишоварзиро бо ҳама имкониятҳои техникиву зеҳнӣ бетаъхир ба роҳ монд. Ин аз масъалаҳои асосии замон аст.
Дар ҳолати мураккаби баамаломадаи умумииттифоқӣ, - гуфт вай, - имкониятҳои мудофиавии мамлакатро ба кор бурд, фаъолияти онро бояд чунон ба кор бурд, ки баҳри ҳифзи давлат ва манфиатҳои дар дастдоштаамон созгор бошад. Барои муқобилони давлати советӣ ин баҳамоии мо зарбаи қатъӣ ҳам шуда тавонад. Акнун дар ин сол панҷсолаи ёздаҳум ба охир расида, қадами навбатӣ ба панҷсолаи дувоздаҳум аст. Ин роҳ моро ба сӯйи музаффариятҳои коммунизм мебарад, ки ояндааш дурахшон хоҳад буд. Дар назди партия ва ҳукумат ДОСААФ СССР , ки дорандаи ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурх аст, дар соҳаи пешрафти артиш, флоти баҳрӣ, авиатсия ва отряди ҳарбии он – ДОСААФ Тоҷикистон пешқадаманд.
Соли 1984, 8 сентябр. Пленуми 5 – уми КМ ДОСААФ Тоҷикистон баргузор гардид. Пленум мсаъалаи ташкилиро дида баромад. Бо сабаби бад будани вазъи саломатиаш раиси КМ ДОСААФ Тоҷикистон генерал – майор Мамадов В аз вазифааш барканор гардонда шуд. Вай ҳамчун узви Президиуми КМ ДОСААФ Тоҷикистон низ ваколаташро супорид. Ба ҷойи ӯ Раҳмонов Б. М раиси КМ ДОСААФ Тоҷикистон таъин карда шуд.
Дар кори Пленум котиби дуюми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Белов Ю. П ва муовини якуми раиси КМ ДОСААФ СССР, генерал – полковник Одинсов А. И. иштирок намуданд.
Таҳти роҳбарии ташкилотҳои маҳаллии партиявӣ ва ташкилотҳои советии ДОСААФ Тоҷикистон, дар партави қарорҳои Анҷумани 26 – и Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, Анҷуманҳои 9 – уми умумииттифоқи ДОСААФ ва 5 – уми Тоҷикистон барои равнақ бахшидан дар корҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ, мудофиавӣ – оммавӣ ва омӯзишию варзишӣ ба амал омаданд.
Ташкилоти мудофиавии Тоҷикистон дар асоси нишондодҳо дар ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар солҳои 1983 – 1985 бомуваффақият баромад.Махсусан, дар ин самт корҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ бо сифати дучанд ба сомон расонда шуданд. Коллективи ҷамъияти мудофиавӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои партиявӣ, комсомолӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъият дар кори ҷашнгирии 60 – солагии таъсисёбии РСС Тоҷикистон ва Партияи Коммунистии он саҳми шоиста гирифтанд. Дар ҳамкорӣ бо якдигар ва ташкилотҳои ибтидоӣ онҳо вохӯриҳоро бо ветеранҳои партия, ҷангу меҳнат, иштирокдорони ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ ба роҳ монданд.
Гузарондани рӯзҳои анъанавии «Даъватшавандагон», мусобиқаҳои ронандагони мошинҳои варзишӣ, бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Зарница» ва «Орлёнок» ва дигар озмуну машғулиятҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ, оммавӣ ба ҳукми анъана даромаданд.
Махсусан, чунин машғулиятҳо, ки дар шакли ҳафтаина, моҳе як маротиба, дар сатҳи олии ташкилию сиёсӣ барпо гардиданд, ба 66, 67 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР , Флоти Ҳарбию Баҳрӣ, Қувваҳои Ҳарбӣ – Ҳавоӣ, Қувваҳои Сарҳадӣ бахшида шуда буданд. Ташкилоти ДОСААФ Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон дар кори тайёрӣ ва баргузории Ҳафтаи хотира, Ҳафтаи шарафи меҳнати инқилобӣ, иштироки фаъолона намуданд. Бахусус, ин ташкилотҳо дар кори гузарондани бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Орлёнок» саҳми бештаре гузоштанд.
Дар баробари ин, бо ташкилотҳои доимоамалкунандаи ҷамъият 6 – 7 – феврали соли 1985 дар мавзӯи «40 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва масъалаҳои муҳими тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Гурӯҳи ташвиқотии КМ ДОСААФ Тоҷикистон дар семинари мазкур бо мавзӯи «М. В. Фрунзе ва Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи сиёсии гарнизони шаҳри Душанбе баромад намуданд. Дар заминаи ин семинар кинофестивали филмҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ гузаронда шуд, ки он низ ба 40 – солагии Ғалабаи оламшумули Артиши Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд.
Бояд гуфт, ки тамоми чунин чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва мудофиавию оммавӣ дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, дар барномаҳои радио ва телевизион нашр ва пахш гардонда шуд.
Ташкилоти ДОСААФ Тоҷикистон дар кори тарғиб, таҷлил ва иштироки бевоситааш дар маҳалҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз ташкилотҳои комсомолӣ ва ҷавонони фаъол, шиносоӣ бо ҷойҳои ҷангӣ ва шӯҳрати ҳарбӣ - ватандӯстӣ, Партияи Коммунистӣ ва мардуми советӣ иштироки фаъолона доштанд. Дар чунин чорабиниҳо танҳо дар соли гузашта дар онҳо 550 – 600 ҳазор нафар ҷавонону духтарон ширкат ҷустанд.Албатта, чунин корҳои ташкилӣ басо душвор ва дар навбати худ масъулиятнок ҳам мебошанд. Натиҷаи ин гуна баҳамоиҳо баргузории Слёти ҷумҳуриявии ғолибон гардид, ки 11 – 14 апрели соли 1985 дар шаҳри Ленинобод баргузор гардид.
Бояд хотирнишон сохт, ки аксари чунин пешравиҳо маҳз бо иштрироки ҷавонон, тарғиби ғояҳои ленинӣ ва интернатсионализм сурат мегиранд. Дар робита ба ҳамин вохӯрии ҷавонон бо иштирокдорони ҷанги Афғонистон, ки ба ақибгоҳ баргаштаанд, ба таври мунтазам ба амал меоянд. Танҳо дар ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ин гуна вохӯрӣ дар соли гузашта чор мротиба барпо гурдид. Дар он иштирокдорони ҷанг аз хусуси хизмат ба Ватан ва андешаҳои шахсии онҳо оид ба мавзӯи ватандӯстӣ ироа гардиданд. Ин вазифа бештар бар дӯши ташкилотҳои омӯзишии ДОСААФ вогузор гардидааст, ки онҳо вазифаи худро бо сифати баланд ва дар вақти муайяншуда ба иҷро мерсонанд.
Шоҳиди ин гуфтаҳо вохӯрии ба қарибӣ барпошудаи курсантҳои мактаби техникии ДОСААФ шаҳри Душанбе бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Набӣ Акрамов ва модари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Александр Мироненко буд.
Як амали дигарро низ ин ҷо қайд намудан бамаврид аст. Ин ҳам бошад, дар аксари ташкилотҳои ДОСААФ вилояту шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти комсомолӣ, камиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамъиятҳои «Дониш» ташкил кардани «Университети ҷанговари оянда» аст. Натиҷаи аввали иқдоми мазкур нишон дод, ки сол то сол хоҳишмандоне, ки офитсер шудан мехоҳанд, шумораашон меафзояд. Танҳо дар соли 1984 дар таълимгоҳҳои олии ҳарбӣ 370 нафар ҷавонон дохил шуданд, ки аз онҳо 164 нафарашонро намояндаҳои халқи маҳаллӣ ташкил додаанд.
Бо мақсади тарғиби фаъолияти ташкилоти ДОСААФ дар ҳамкорӣ бо муассисаи кинонамоишдиҳии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои маҳаллии он дар манотиқи Тоҷикистон дар ҷойҳо таҷлили фестивали филмҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ ба миён омад. Дар баробари ин, ҳар чормоҳа як маротиба нақшаи намоиш додани чунин филмҳо дар кинотеатрҳо ва Хонаҳои фарҳанг филмҳои ҳуҷҷатии мавзӯӣ, ки аксари онҳо тавассути фармоиш аз КМ ДОСААФ СССР оварда шудаанд, намоиш дода мешаванд.
Дар ин давра обуна шудан ба нашрияи КМ ДОСААФ СССР – рӯзномаи «Советскийпатриот» авҷ гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 1000 нусха афзуд. Ҳамчунин сафи обуначиён ба маҷаллаҳои соҳавии «Крылья Родины», «Военные знания», «За рулем» зиёд гардид. Ба ҳар як ташкилоти ибтидоӣ 8 – нусхагӣ нашрияҳои ДОСААФ СССР рост меояд.
Дар Қарори КМ ҲКИШ «Дар бораи вазъи минбаъдаи беҳбуд бахшидан дар соҳаи роҳбарии партиявӣ, комсомолӣ ва баланд бардоштани нақши он дар тарбияи коммунистии ҷавонон» гуфта шудааст, ки дӯстӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди ташилотҳои комсомолии ленинӣ ва ҷамъияти мудофиавӣ басо муҳиманд. Гуфта шудааст, ки инкишофи муносибатҳо ва ҳамкориҳои мунтазам, анъанаҳои доимоамалкунанда дар байни Кумитаи умумииттифоқии ленинии ҷавонон ва ДОСААФ масъалаҳои ривоҷ ёфтани омӯзиши ҳарбӣ – ватандӯстӣ,тайёр кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Флоти Ҳарбӣ- Баҳрӣ дар парвариш ва омӯзиши кадрҳо дар самти техникӣ барои хоҷагии халқи мамлакат инкишофи навъҳои техникӣ – ҳарбии варзишӣ дар байни ҷавонон муфид аст.
Дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки кумитаҳои партиявӣ, комсомолӣ ва ташкилотҳои ДОСААФ бояд ба таври бетаъхир омӯзиши ҷавононро дар соҳаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ҷоннок намуда, дар онҳо идеяҳои ватандӯстиро талқин намуда, масъулияти онҳоро дар роҳи дӯст доштани Ватан ва муҳофизати он аз унсурҳо ва қувваҳои бегона фаҳмонда диҳанд. Хусусан, ба онҳо нишон диҳанд, ки дӯст доштани арзишҳои миллӣ ва эҳтирому эҳтиёти онҳо, ҳамеша тайёр будани онҳо дар роҳи ба даст овардани музаффариятҳо вазифаи аввалиндараҷаи онҳост.Барои корнамоиҳои беназиру бемонанд тайёр будани онҳо дар мадди аввал меистад.
Чунин амалҳои созанда, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим ба назар мерасанд, барои ҳар як узви ташкилоти ДОСААФ иҷро кардани онҳо мояи ифтихор хоҳад буд. Бинобар он кормандон ва аъзоёни ҷамъияти мудофиавии ҷумҳурӣ ташаббуси ташкилоти ДОСААФ вилояти Брянскро дар бораи мусобиқаи сотсиалистӣ таҳти шиори « 40 – солагии Ғалаба дар ҶБВ, Анҷумани 28 – уми ҲК ҲКИШ- р о бо нишондодҳои баланд дар корҳои ҳарбӣ - оммавӣ пешвоз мегирем!» - ро дастигирӣ намуданд.
Ба муносибати 40 – солагии Ғалаба дар ҶБВ ташкилотҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии ДОСААФ Тоҷикистон дар азназаргузаронии озмунӣ дар мавзӯи мудофиавӣ – оммавӣ, ташкили омӯзиши ҷавонон дар кори тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва флоти ҳарбӣ баҳрӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷа маълум шуд, ки кори ташилотҳои ДОСААФ самараи нек ба бор овардаанд. Танҳо дар соли 1984 222 ташкилоти ибтидоӣ созмон дода шудааст ва ба сафи ДОСААФ 42 ҳазор нафар ихтиёриён дохил гардидаанд. Бино ба маълумотҳои оморӣ то санаи 1 январи соли 1985 ба сафҳои ташкилотҳои ибтидоии ДОСААФ Тоҷикистон 1. 529. 975 нафар ворид гардидаанд, ки 91, 9 фоизи аҳолиро аз шумораи умумии кормандон ва хонандагон ташкил додааст. Аз 5430 коллективи меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ 5028 ташкилотҳои ибтидоии ҷамъият ташкил карда шуд, ки 92, 5 фоизи аҳолиро ташкил намуд. Нақшаи иҷроиши ҳаққи узвият 112 фоизро ташкил дод. Маблағи умумии лотореяҳо, ки бо тамғаи ДОСААФ дар соли 1984 ба фурӯш бароварда шуд, 1 миллиону 100 ҳазор рублро ташкил дод. Дар ин масъала ҳеҷ гуна қаллобӣ ва азхуд кардани маблағи давлат ҷой надорад.
Масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки аз тарафи Вазорати мудофиаи СССР пешбинӣ гардида буд,бечунучаро иҷро гардид. Дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳа чун ҳарвақта мактаби намунавии ДОСААФ дар тайёр кардани кадрҳои автомобилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа пешсаф аст. Сифати таълим ва тайёр кардани кадрҳо байни мактаби ронандагии шаҳраки Дӯстӣ ва мактаби муттаҳидаи техникии ДОСААФ шаҳри Душанбе ҳам сол то сол беҳ гардида истодааст.
Баҳри тайёр ва ҷо ба ҷо кардани кадрҳо дар соҳаи истеҳсолоти ҷумҳурӣ роҳу усулҳои нав пайдо менамояд. Ҳамин аст, ки дар соли 1984 дар ин масъала комёбиҳои зерин ба даст омад:
Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ – техникии ДОСААФ -131 %; мактаби автомобилчиёни шаҳри Қӯрғонтеппа – 104 %, кумитаҳои вилоятии Ленинобод, Кӯҳистони Мухтори Бадахшон ва як қатор ташкилотҳои дигар дар ин самт корҳои назаррасро бо натиҷаҳои дилхоҳ ба иҷро расонданд.
Дар фаъолияти ихтиёриёни ҷамъият ҷойи муҳимро оид ба навъҳои техникӣ ва ҳарбию варзишӣ касб намуданд, ки ин боиси ифтихори аъзоён ва кормандони ҷамъият аст.
Бояд гуфт, ки сол то сол сафи ҷавонону духтарон ба соҳаи ҳарбию варзишӣ, омӯзиши муназзами онҳо меафзояд. Беҳуда нест, ки дар ин замина қарори партия ва ҳукумат «Дар бораи баланд бардоштани сифати оммавии тарбияи бадан ва варзиш» ба тасвиб расид. Дар он гуфта шудааст, минбаъд бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки ҳамаи ташкилотҳо новобаста ба шакл ва моликияташон доир ба баланд бардоштани сатҳи техникӣ ва ҳарбии намудҳои варзиш, махсусан ба соҳаи автомобил, мототсиклронӣ, парашют, тирпаррронии варзишӣ диққати хоса диҳанд.
Айни ҳол дар машғулиятҳои соҳавӣ дар маҳфилҳо ва гурӯҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ сафи иштирокдорон 160 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ҷамъияти мудофиавӣ ҳамасола қариб 4 ҳазор мусобиқаҳои гуногун гузаронда мешаванд, бештар аз 14 ҳазор варзишгарони дараҷадор тайёр карда мешаванд. Дар 2, 5 соли охир, баъд аз Анҷумани 5 – уми ДОСААФ (моҳи декабри соли 1982) варзишгарони дараҷадор 37368 нафар тайёр карда шуданд, ки аз онҳо 550 нафарашон дараҷаи олӣ ва дараҷаи аввалдорҳо – 550 нафар, устодони варзиши СССР 25 нафаранд. Дар баробари ин, корҳои хизматрасонӣ ва кӯмак ба базаи техникии соҳаи варзиш расонда шуд. Муттаассифона, дар баъзе мавридҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти оммавӣ гардондани варзиш хеле ба оҳистагӣ ба назар мерасанд. Дар ҳоли ҳозир 30 фоизи ташкилотҳои ибтидоӣ маҳфилҳои мухталифи худро доранд, ки қисми зиёдашон ба навъи варзиши тирпарронӣ шавқ доранд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ДОСААФ ҳамагӣ 55 мототсикл вуҷуд дорад. Ҳамчунин 24 автомобил, қариб 3 ҳазор қисмҳои автомат (худи автомат бо сабаби набудани ҷойи нигоҳдорӣ иҷозат дода нашудааст). Ба таври умум, дар ҳоле ки 352 ҳазор хонандагони синфҳои 7 – 10 – и мактабҳои миёна дорем, аммо ҳамагӣ 1270 нафар дар корҳои ҷамъият машқу тамрин мекунанду халос. Дар ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе маҳфили наврасони «Олимп» амал мекунад, ки он ҷо навъҳои картинг ва пойгаи автомобил таҳти роҳбарии Рохин А. М., раиси марказии ноҳиявии ДОСААФ ноҳия) гузаронда мешавад. Дар омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 33 – и шаҳри Душанбе маҳфили парашютчиён амал менамуд. Др соли 1984 аз 28 нафар духтарони парашютчӣ 12 нафар меъёри дараҷаи 3 – ро иҷро намудаанд.
Дар солҳои охир дар ҷумҳуриамон якчанд нуқтаҳои тирпарронӣ, мошинронӣ (масалан дар шаҳри Норак) сохтаю ба истифода дода шуданд. Теъдоди мошинҳои машқӣ, мототсиклҳо, хатҳои машқи онҳо, ки шомили ташкилотанд, афзуданд. Дар ҳамин ҳолат базаи техникӣ чун пештара дар ҳоли пешравӣ нест ва табиист, ки ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавоб дода наметавонад. Вазъияти молии кумитаҳои ДОСААФ бошанд дар як ҳолати муайян нигоҳ дошта шудаанд.
Чуноне ки Котиби Генералии КМ ҲКИШ Михаил Сергеевич Горбачёв қайд намуд, ҳамаи чорабиниҳоро баҳри афзун намудани имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа равона кардан даркор аст. Бо ин роҳ баҳри ба даст овардани муваффақиятҳо дар панҷсолаи навбатӣ бояд замина муҳайё намоем. Ин ба таври умум ба фаъолияти ҷамъияти мудофиавии кишвар вобастагии комил дорад. Аз ин рӯ, кормандони ДОСААФ бояд дар кори кӯмак расондан ба меҳнаткашони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва нишон додани ташаббусҳо ба онҳо ҳамеша пешсаф бошанд.Онҳо бояд бо ин роҳ вазифаҳои дарпешгузоштаи худро пеш аз мӯҳлат иҷро намоянд, ки дар соли 1985 ва минбаъд низ ба муваффақиятҳои дилхоҳ ноил гарданд. Ин қарзи шаҳрвандӣ ва ватандӯстии ҳар яки мост.
То ҷашни 60 – солагии ДОСААФ СССР вақти кам мондааст. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим бо ҳисси ватандӯстӣ ва эҷодкорӣ отряди бисёрмиллионаи ватандӯстони советӣ, аз ҷумла ДОССААФчиёни Тоҷикистон, Партияи Коммунистӣ, Кумитаи марказии ленинӣ, аъзоёни ватандӯсти ҷамъияти мудофиа қувваю матонати худро баҳри ҳиссагузорӣ дар ин самт ва мустаҳкам гардондани имконияти удофиавии мамлакат барои Ватани бузурги сотсиалистӣ дареғ надоранд.