Иқтидори мудофиавӣ таҳким меёбад

 

Бо ҷавонону наврасон дар бораи чӣ будани номуси ватану ватандорӣ, эҳсоси шарафу ифтихори миллӣ кори ҳамешагӣ бурдан, дар қалби ҳассоси онҳо чароғаки меҳру муҳаббат ба Ватанро фурӯзон кардан, аз ҷумлаи рисолатҳои муҳим ва пуршараф ба шумор меравад.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд.

Ниҳоди мазкур барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасбу сафарбар намудааст. Ҷиҳати тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи тадбирҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ – варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватандӯстӣ доранд.


Имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ – таълимӣ ва ҳарбӣ – варзишӣ соҳиб гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони мамлакат иброз намуданд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем». Дар ин робита мо низ, дар доираи иҷрои рисолати худ талош меварзем, ки дар ниҳоди ҷавонон арзишҳои олии ватандорӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар ҷойгоҳи хос касб кунад.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ боиси ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш гардид, аз тарафи дигар барои омода намудани ҷавонон ба хизмат дар сафи артиш нақши муассир мебозанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳо, дар доираи моҳвораи корҳои оммавӣ – мудофиавӣ шумори зиёди ҷавонони синни тодаъватӣ фаро гирифта шуданд. Фаъолияти ҳамоҳангии шуъбаҳои маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт назаррас аст.

Барои бо шароити хидмати аскарӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ошно намудани ҷавонони синни тодаъватӣ рӯзҳои дарҳои кушода гузаронда мешаванд, ки барои ба хидмати ҳарбӣ омода кардани сарбозони оянда аз манфиат холӣ нест.

Қобили зикр аст, ки марҳалаҳои тайшуда дар ин самт таҷрибаву маҳоратеро барҷой гузошт, ки барои расидан ба комёбиҳои нав ва касби иқтидори бештари мудофиавӣ шароит фароҳам хоҳад овард.

Пешрафти соҳаи мададгори мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҷузъи ҷудонопазири раванди вусъатёбандаи рушди миллист, ки муваффақияти он аз ҳамбастагӣ ва муттаҳидии ҳар яки мо вобаста аст. Бо итминон метавон гуфт, ки мо ба бозёфтҳои тоза, шукуфоии бештар ва равнақу нумӯи афзун ҳатман комёб хоҳем гардид.







 

kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru