ТАШКИЛОТИ БАРОИ ҲАР ДАВРУ ЗАМОН МУҲИМ!

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ)-и давлати соҳибистиқлоли мо, ки пештар бо исми ДОСААФ ёд мешуд, имрӯз яке аз он ташкилотҳои бонуфузи ҷумҳуриявиест, ки вобаста ба тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар соҳоти хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Яъне, зарурӣ ва бонуфузиаш ба ин асос аст, ки чун замони қаблиаш имрӯз ҳам дар болобурдани қудрати мудофиавии мамлакат ва ба ҳамин баробар дар соҳоти дигари хоҷагии халқ корҳои зиёдеро амалан бар дӯш дорад ва сомон медиҳад. Аз номи бисёр мувофиқ ва муносиб гирифтааш-Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа пайдост ва ба ҳар касе рӯшан аст, ки: мададгору мудофеъ ва дар пайи мустаҳкамшавии иқтидори дифоӣ ва ҳарбии ин Ватани соҳибистиқлоламон мебошад....



Месазад, ки барои хонандагони ҷавонамон рӯ ба таърих биоварем, то рӯшанашон бигардад, ки “мақсад аз таъсису фаъолияти ин сохтор аз баҳри чист”....
Пас аз барҳамхӯрии давлати паҳновари СССР ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 15 ноябри соли 1991 дар анҷумани 7-и ДОСААФ-и ҶШС Тоҷикистон масъалаи ивазкардани номи Ташкилот ба Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Низомномаи мустақил ва нави Ташкилоти мудофиавӣ гузошта шуд. Соли 2007 Низомномаи суфтатар ва дар таҳрири нав қабул карда шуд ва доираи фаъолияти зерсохторҳояшро васеътар карда, дар номи Ташкилот тағйирот ворид гардид ва аз ҳамон рӯз номаш-- Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи (ТҶММ) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Пас аз ин ТҶММ корҳои зиёдеро дар масъалаи ташкили сохторҳои болоиву миёна ва ибтидоӣ пиёда намуд. ТҶММ асосан мутахассисони варзидаро барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ омода мекунад, инчунин мутахассисони ихтисоси васеъи техникӣ дошта, ватандӯстони асили Меҳанро тарбия мекунад, дар асоси Низомномаи худ фаъолияти байналхалқии худро ба роҳ мондааст.
ТҶММ осорхонаи худро низ кушодааст. Дар он аз таърихи дирӯзу имрӯзи ин соҳа хоҳем ошно гардид. Мақсад аз таъсис додани ин осохона- абадӣ гардонидани хотираи неку пуршарафи фарзандони содиқи Ватан аст!....
Вобаста ба ин масъала, ки “Оё насли ҷавони мо медонад, ки ТҶММ ҳаст ва чӣ рисолатро бар дӯш дорад?!” дар арафаи 20 умин солгарди ТҶММ бо чанде аз ҳамдиёрон сӯҳбат оростем, ки мухтасари андешаи чанд нафаре аз онҳоро пешкаши Шумо мегардонем:
Асадулло Додов-хатмкунандаи ДТТ:
-Суоли Шумо бамаврид аст, зеро аз сӯҳбатҳо бо ҳамсабақон дарёфтам, ки на ҳамаи онҳо медонанд, ки “чунин Ташкилот” ҳаст ва ба чӣ корҳо сару кор дорад. Онҳо иброз медоранд, ки на дар мактаби миёна ва ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳо устодон кам ёдовар мешаванд, ки “ТҶММ, яъне ДОСААФ-и як замоне “машҳур” дар ҷумҳурӣ ҳаст ва мақомотҳои ибтидоиаш дар шаҳру ноҳияҳо кору фаъолият доранд. Магар устодони мо огаҳ набуданд, ки даврони шӯравӣ ДОСААФ як ташкилоти ба қавле “ним ҳарбию ним шаҳрвандӣ”, яъне “омехта” амал мекард ва дар он ҷо ҷавонони зиёде ҳам пешаҳои ҳарбӣ-варзиширо ёд гирифта, пешаҳои барои зиндагиашон муҳимро низ аз худ мекарданд. Ман худам маҳз тавассути рӯзномаи хеле ҷиддии “Ватанпарвар” аз фаъолияти ин ташкилот, таърихи дирӯзу имрӯзи он огаҳӣ пайдо намудам ва бобати ин масъала–Ташкилоти муҳим будани ТҶММ ба ҳамкурсони “бехабарам” аз ин ҷода нақл мекардам. Албатта, аз сӯи дигар донишҷӯён ҷурме дар ин росто надоранд, ки ТҶММ-ро “кам мешиносанд”...Бояд аз воситаҳои дигари иттилоотӣ, яъне рӯзномаву маҷаллаҳо ва родиёву телевизион “хафа” шуд. Агар онҳо бобати кору фаъолияти ин Ташкилот, муҳиммияти он барои ҷомеаи мо ва дигар паҳлӯҳои ин соҳа мақолаву гузоришҳо ба табъ мерасониданд ва намоишҳои воқеӣ рӯи навор меомад, албатта ҷойи “гилагузорӣ” аз ҷавонон буд...Рӯзномаҳои хусусӣ баъзан як маводҳои нодаркореро ба табъ мерасонанд, ки барои касе зарур нест, вале дар масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, қарзи фарзандӣ, ифтихори воқеӣ доштан аз миллати хеш ... фаромӯш мекунанд. Онҳо бояд амиқан дарк бикунанд, ки ТҶММ барои кишвари мо хеле зарурист ва мақсадаш ҳифзу мустаҳкамии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Магар аз ин дида, мақсади баландаре ҳар яки мо дар зиндагиамон дорем?!...
Амонуллои Шариф-омӯзгори фанни забони русӣ:
-Ман, ки худ омӯзгорам ва агар аз чунин сохтори хеле бонуфуз ва ташкилоте, ки “Мададгори Мудофиа”-и мо асту мақсадаш-баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакатамон мебошад бохабар набошам, чи хел ба шогирдон бобати дустдории Ватан, меҳру муҳаббат ба ин марзу бум...ҳикоя мекардам? Бояд ва муваззаф аст ҳар як омӯзгору ҳар касе ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон сару кор дорад, донистани ҳар ташкилоту сохтори мавҷудаи кишвар, ба хусус ТҶММ, ки бевосита дастгир ва мададрасони насли ояндасози мо аст дар болобурдани сатҳи зиндагиашон ва дар ин баробар ҳифзу муҳофизати тинҷиву амонӣ дар кишвар...Омӯзгорони мо нақл мекарданд, ки хизмати кормандони асосӣ ва он ашхосе, ки аз таълиму тарбияи мактаби ДОСААФ гузаштаанд дар солҳои ҶБВ беандоза аст. Устодон нақл мекарданд, ки “маҳз онҳое ки аз мактаби ДОСААФ гузашта буданд, дар ҳар вазъият ва хусусан замони ҶБВ бештар аз муҳимоти ҷангӣ истифода карда метавонистанд ва худро аз тири адӯ ҳам ҳифз кардан барои онҳо осонтар буд”... Аз андешаҳои муаллимонамон айён мегардад, ки мактаби ТҶММ-мактаби мардонагиву ҷасорат буда, касро чун марди ҳақиқӣ ба камол мерасонад...Хушбахтона, имрӯз ҳам ин Ташкилот бо унвони ТҶММ (Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа) арзи ҳастӣ дорад ва афсарони соҳибтахассус ба ҷавонони мо сабақи мардонагиву ватанпарастӣ... медиҳанд. Илова ба суханони Асадулло ба Шумо ёдрас мекунам, ки воситаҳои ахбори омма, яъне рӯзномаҳои мо рӯи инъикоси кору фаъолияти кормандон, машғулиятҳои онҳо, бурду бохти ин Ташкилот камфаъоланд ва агар онҳо дар асл ин Ватану ин миллатро дуст медоранд, гоҳҳо агар саҳфаҳои рӯзномаҳои онҳо маводе ба табъ мерасонд бурди онҳо ва дар кулл муваффаққияти ҳамагон мешуд...Бовар дорам, ки агар насли наврас ва ҷавони мо аз фаъолияти имрӯзаи ТҶММ амиқтар воқиф мегашт, сафи ҳунаромӯзони мо бештар мегардид...Телевизиону радиёҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳам, ба ҷойи суруду таронаҳои беохир, ки “танҳо бандкунандаи масоили муҳиманд”, тавассути корномаҳои ин Ташкилоти барои ҳар давру замон муҳим тарғиби Ватанпарастии насли ҷавонро мадди назар мегузоштанд, манзалату эътиборашон боз болотар мерафт. Ва дар фарҷом ба ҳамсолон ва ҳамаи ҷавонон муроҷиат карданӣ будам, ки дар баробари машқу тамринҳои ҳарбӣ ва варзишӣ ба омӯхтани забонҳо ба хусус русӣ ва англисӣ рӯ биоваранд то дар ҳаёт мушкилашон осонтар бошад.
Нарзулло Файзалиев-корманди фарҳанг:
- Аҷибаш дар ҳамин буд, ки он ҳамхизматоне, ки аз мактаби ДОСААФ гузашта буданд, дар машқҳои ҳарбӣ ба мушкилӣ дучор намешуданд, мошинҳои гуногунтамға, ҳатто БТР-ро ронда метавонистанд, аз яроқу аслиҳа парондан барояшон мушкил набуд. Гуфтаниам, ки мардони ҳақиқии замон буданд. Онҳое ки аз ин мактаб бехабар ва ба қавле “нагузашта буданд”, дар ҳар ҷодаи ҳарбӣ ва варзишӣ ба мушкилот мувоҷҷеҳ мешуданд. Чи гуфтаниам?! Аз ин мактаби маҳорату ҷасорати мардонагӣ гузаштан ва омӯхтани касбу пешаҳоро дар ин ташкилот аввалтар аз ҳама барои ҳар шахс дар ҳаёт зарур медонам ва худ дар рӯзгор дидам, ки мададрасон ҳам мешудааст: хоҳ дар ҷодаи ҳарбӣ фаъолият намояд ва ё дар кору рӯзгори мулкӣ....
Махсусан, дар даврони шуравӣ ҳама аз фаъолияту мавҷудияти ДОСААФ бохабар буданд ва медонистанд, ки ин ташкилот барои ҳар давру замоне корагар аст. Имрӯз ҳам дар Русия ба ин соҳа аҳамияти хосса медиҳанд...
Пешниҳоди ман ҳамчун як шаҳрванди ватандӯст ин аст, ки хуб мешуд дар баробари дигар фанҳо дар синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо дарсҳои вобаста ба ТҶММ дохил карда шаванд то насли наврас ва ҷавони мо аз мавҷудияти ин ҷодаи муҳим бохабар шуда, ҳисси ватандустиашон зиёдтар бигардад. Яъне, боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон барои азхудкунии касбҳои мухталиф...Махсусан, имрӯз, ки давлати соҳибистиқлол шудаем ҳар яки мо дар кадом соҳае кор накунем, бояд дар андешаи боз ҳам болотар бурдани қудрати мудофиавии мамлакат бошем, бикӯшем, ки аз дигар давлатҳо қафо набошем. Зеро аз воқеоти имрӯзаи ҷаҳони пурталотум огаҳем, ки давлатҳои аз сӯи ҳарбӣ сустро давлатҳои қудратмандтар “ба чи аҳвол гирифтор мекунанд”...Ин Ташкилот зарур аст ва онро аз ҳар ҷиҳат қудратмандтар кардан бар суди кишвари соҳибистиқлол бошад...Ҷашнатон муборак бошад муҳофизон ва ватандустони содиқи Ватан!!
Аз сӯҳбат бо чанд нафар ашхоси гуногунсол ва мухталифпешае, ки андешаи се нафари онҳоро пешкаши Шумо намудем рӯшанамон гардид, аз мавҷудияти ДОСААФ-и дирӯза ва ТҶММ-имрӯзаи замони соҳибистиқлолӣ бештар ашхоси синну солашон аз 50 боло хабар доранд ва иброз доштанд, ки чун замони шӯравӣ мақому нуфузи ин ташкилотро боло бурдан ба манфиати ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо хоҳад буд. Зеро ҷавонони мо аксар намедонанд, ки чунин ташкилот мавҷуд аст ё не. Иллати “ин ноошноӣ” дар куҷост?!..Сабаби асосиаш дар мактабҳо кам тарғибу ташвиқ намудани ин ҷода аст. Омӯзгорони худ бояд нахуст аз моҳияту манфиати ин ташкилот ба давлати мо огаҳ бошанд ва битавонанд, ки дар фаҳмонидани мақсаду мароми он ба роҳгумӣ мувоҷҷеҳ нагарданд. Барои ин дар вақтҳои барои хонандагон мувофиқ бачаҳоро барои ошноӣ ва тамошо ба Осорхонаи ТҶММ бубаранд то онҳо огаҳ бигарданд, ки хизмат, моҳият ва зарурати ТҶММ аз чи иборат будааст ва ба худи онҳо дар ҳаёт чӣ раҳнамунӣ ва ёрие пешкаш мекунад..
Хотиррасон мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ), ки мақсадаш тайёр намудани ҷавонони соҳибтахассус барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ ва дигар соҳаҳои рӯзгори мост, ҳар марду ҷавонмарди баномуси тоҷикро водор мекунад, ки ба ин Ташкилот эътимоду эҳтиром дошта бошанд, зеро мақсаду мароми ин ҷода аввалтар аз ҳама боло бурдани иқтидори мудофиавии мамлакати мо мебошад!! Магар аз ин ҳадаф дида мақсаду мароми баландтаре дорем?! Не! Зеро вақте Ватани азизамон дар ҳифзу муҳофизати фарзандони вафодор ва ҷасури миллат асту Қувваҳои Мусаллаҳаш нерӯманд, ҳамаи мо тинҷу осишта зинадагӣ карда, обруву эътибори кишвари соҳибистиқлоламон зиёдаву пешрафташ афзунтар мегардад. Роҳбарияти Кумитаи Марказии ТҶММ, ки мақсаду маромашон нерӯмандтар гаштани ин ташкилот аст солҳои охир аз ҳама имкониятҳои ба даст меомада истифода мекунанд то саҳмашон дар ҳифзу мудофиаи кишвари азиз бештар бошад.
Чун ДОСААФ-и собиқ, ки дар баробари дар сатҳи Марказӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ кумитаҳои худро доштан, боз ба илова сохторҳои ибтидоии он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаву колхозу совхозҳо, мактабу донишгоҳҳо, ҳатто дар шӯъбаҳои манзил...ҳам амал мекарданд, ки аз нуфузу доманадор будани ДОСААФ шаҳодат медод. Шояд як сабаби камтар огаҳӣ доштани қисмате аз ҳамдиёрони мо бобати фаъолиятҳои густардаи ТҶММ-и имрӯза ҳамин омил бошад?! Дар ҳама ҷо чун ДОСААФ-и собиқ густарда набудани сохторҳояш?! Аз ин рӯ хеле зарурӣ ва ҳатмист барои он ки бихоҳем таъсир ва нуфузи ин Ташкилотро боло бубарем, дар мактабҳои олӣ ва идораву муассисаҳо таъсис додани сохторҳои ибтидоии ТҶММ. Ва агар алҳол “чунин аст” ва мавҷуд бошанд: фаъолтар намудани кори онҳо то “кор дар амал бошад, на дар сухан!!””...

kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru