Намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш

Рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятдоштаи ойинномавии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки роҳбарияти ин созмони бонуфузи ватандӯстони кишвар барои ҷалби ҷавонон ба ин намудҳои варзиш, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид, бунёду таъмир ва таҷдиду азнавсозии иншооти варзишӣ, харидории таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ, таъмини хароҷоти молиявии ширкати варзишгарон дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таваҷҷӯҳу аҳамияти хос ва аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти худ бо варзишгарони кишвар ва Паёми имсолаашон ба парлумони ҷумҳурӣ бобати тақвияти рушду инкишофи соҳаи варзиш таъкид доштанд, роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барномаи доманадори ояндасозро ҷиҳати боло бардоштани эътибори намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш дар ҷумҳурӣ рӯи даст гирифтааст.

КАРТИНГ

Қобили зикр аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд варзиши картингронӣ рушду равнақи густурда дошта, барои машқу тамрини варзишгарон шароиту имконоти лозимӣ фароҳам гардидаанд. Инчунин дар шаҳри Хуҷанд картодроми «Формула - К» бунёд ёфтааст, ки он барои баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналҳалқӣ аз рӯи намуди варзиши ҳарбӣ – амалӣ махсус гардонида щудааст.
Таърихномаи картингронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ инҷониб анъанаҳои пуршарафи худро дорад ва чандин насли варзишгарон аз рӯйи ин риштаи варзиш ба камол расидаанд.
Миёни наврасоне, ки ба ин намуди варзиши ҷолиб ва шавқангез шуғл доранд, шумораи духтарон низ кам нестанд, ки бо маҳорати арзандаи варзишии худ борҳо соҳиби мақомҳои намоён гардидаанд.
Картингронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ – амалии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбати техника ва барои рондани воситаҳои техникии калонҷаҳм омода намудани онҳо ба шумор меравад.
Азму талош дар ҷодаи ба намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон имкон хоҳад дод, ки онҳо аз машғул шудан ба кору амал ва зуҳуроти номатлуб даст кашида, ҳамчун насли ватанхоҳу ватандӯст, хушахлоқу соҳибмалака ва ҷӯяндаву варзишдида тарбия ёфта, созандагони содиқу боэътимоди Ватани маҳбубу мустақиламон гарданд.


 

 

МОТОСИКЛРОНӢ

Бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба таври ҳармоҳа афзоиш ёфта, комёбиҳо ва натиҷаҳои варзишӣ бештар гардида истодаанд. Таъмин намудани клубҳои варзишӣ бо лавозимоти варзишӣ беҳтар шуд, шумораи зиёди наврасон ба намудҳои варзиши тирандозӣ, авиатсионӣ, авиамоделизм, картингронӣ, мотосиклронӣ ва ғайра фаро гирифта шуданд.
Соли 2006 варзишгарони мотосиклрони тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар маҳаллаи Олмалиқи Ӯзбекистон иштирок намуда, аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии ҷамъияти мудофиавии кишвар Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов бо давъати Федератсияи миллии варзиши автомобилию мотосиклронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд.
Иштироки онҳо дар ин чорабинии варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, шаҳодати ба арсаҳои баланди ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони риштаи мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Чанд сол муқаддам Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникӣ мотосиклҳои замонавиро дастрас намуд. Ҳамчунин мактаби автомобили Ёвон ва мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода низ мотосиклҳои замонавӣ харидорӣ карданд. Минбаъд дар назар аст, ки шумораи чунин воситаҳои техникии варзишии истеҳсоли муосир афзун карда шавад.
Ҳамасола дар машқгоҳҳои ташкилот, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Сарбанду Турсунзода ҷойгиранд, мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии пойгаи мотосиклронӣ доир мешаванд.


 

ВАРЗИШИ АВИАТСИОНӢ


Майлу рағбати ҷавонон ба парвоз ва ҷаҳиш аз парашют аз куҷо маншаъ мегирад? Ин рағбат бо он алоқаманд аст, ки осмон дар вуҷуди ҷавонон мардонагиро қувват бахшида, ирода ба рафъсозии тарсро мустаҳкам мегардонад. Некбинӣ ато мекунад, эътимод ба ояндаро ҷоннок месозад.
Ҷавонони имрӯз тадриҷан ба варзиши ҳавопаймоӣ ва ҷаҳиш аз парашют рағбат пайдо мекунанд. Барои ин амал ҳама имкониятҳо аз заминаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Клуби миллии ҳавопаймоӣ ва дар шаҳри Чкалов Клуби минтақавии ҳавопаймоии вилояти Суғд фаъолият доранд, ки бо параштҳои замонавии таълимӣ ва варзишӣ, инчунин ҳавопаймоҳои тамғаи ЯК – 52 ва АН – 2 таъминанд.


 

 

 

 

ВАРЗИШИ ТИРАНДОЗӢ

Рушду инкишофи намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш, аз ҷумла тирандозӣ, мотосиклронӣ, картингронӣ, парашютпартоӣ, авиамоделизм, ташкилу баргузории бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Шафақ», «Ҳомии Ватан», «Ватанпарвар» ва ғайра ба шумори ҳадафҳои ойинномавии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таърихномаи пуршарафи варзиши ҳарбӣ – техникист. Ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо таҳкурсии боътимоди инкишофи ин намудҳои варзиш поягузорӣ гардида, насли варзишгарони бомаҳорат ва варзида ба камол расиданд, ки чемпионҳои ҷаҳон, умумиттифоқӣ ва ҷумҳуриявиянд. Аз ҷумла Анвар Абдураҳимов, Истам Очилдиев, Илёс Чарбашян, Сурайё Ҷумъаева, Сергей Бабиков, Каримхон Бобоев, Георгий Багдасаров, ки дар клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ машқу тамрин намуда, ба дараҷаҳои баланди варзишӣ шарафёб гардидаанд. Чандин тани онҳо имрӯз низ ба тарбия намудани варзишгарони ҷавон дар Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ машғуланд. Дастпарварони ин клуб дар мусобиқаҳои байналхалқии тирандозӣ миёни кишварҳои исломӣ, давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, дар Олмон, Бозиҳои осиёӣ дар Қатар, Бозиҳои олимпӣ дар Афина, бозиҳои XVI – уми Осиё ва ғайра иштирок намуда, шарафи варзишии кишварамонро ҳифз намуданд.
Дастпарварони Клуби миллии ҳавопаймоӣ бошанд дар намудҳои гуногуни варзиши авиатсионӣ дар сатҳи байналхалқӣ шинохта шудаанд. Тарбиятдидаи ин Клуб Юрий Баранов дар дунё ягона варзишгарест, ки 17 ҳазору 420 ҷаҳиш бо парашют анҷом дода, чемпиони 49 – каратаи ҷаҳон мебошад. Бо чунин нишондодҳои беназираш ӯ ду маротиба ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Анвар Абдураззоқов варзишгари дигари ин клуб устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва чемпиони чандинкаратаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди ҷаҳиш бо парашют ба шумор меравад.
Варзишгари мотосиклрони тоҷик Сафаралӣ Раҷабов чемпиони 56 – каратаи ҷумҳуриявӣ, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ айни ҳол дар ташкилот пайи тайёр намудани варзишгарони ҷавон малакаву маҳорати худро равона намуда истодааст.
Ҳамасола дар доираи чорабиниҳои оммавӣ – мудофавӣ, ки ба тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бахшида мешаванд, дар миқёси кишварамон даҳҳо мусобиқаҳои сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд, ки ҳазорон нафар иштирокчиёну мухлисонро фаро мегиранд.
Моҳият ва мақсади аслии барпо намудани чунин чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ қабл аз ҳама таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани шуури мудофиавии аҳолӣ тавассути таблиғи афкори ҳарбӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба клубҳои варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, тайёр намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад.
Дар ин самт ҳамасола дар доираи маблағгузории буҷети давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағҳои муайян пешбинӣ мегарданд, ки ба таври ҳадафманд барои ташкилу гузаронидани чорабиниҳои варзишии хусусияти ҳарбӣ – техникидошта харҷ карда мешаванд. Ҳамчунин маблағи муайян барои харидории ҷиҳозу лавозимот ва воситаҳои техники варзишӣ масраф мегараданд.


АВИАМОДЕЛИЗМ

Cозмони мудофиавии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди авиамоделизм низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад. Маҳфили авиамоделистони ҷавон, ки дар заминаи Клуби ҷумҳуриявии ҳавопаймоӣ солҳои шӯравӣ амал мекард, баъди танаффуси тӯлонӣ дубора эҳё шуд.
Ҳадафи ташкили чунин маҳфилҳо дар тиннати насли наврас ва ҷавонон бедор намудани завқ нисбати техника ва эҷоди конструктсияву моделҳои дастгоҳҳои авиатсионӣ ба шумор меравад.

Бозии ҳарбӣ – варзишии «Шафақ»

Бо иқдом ва талошҳои роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Шафақ» дубора эҳё гардид.
Дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ ин бозии ҳарбӣ - варзишӣ хусусияти оммавӣ пайдо намуда, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии наврасони синни мактабӣ ба таври васеъ гузаронида мешуд.
Ҳамасола дар доираи чорабиниҳои оммавӣ – мудофавӣ, ки ба тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бахшида мешаванд, дар миқёси кишварамон даҳҳо мусобиқаҳои сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд, ки ҳазорон нафар иштирокчиёну мухлисонро фаро мегиранд.
Моҳият ва мақсади аслии барпо намудани чунин чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ пеш аз ҳама мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани шуури мудофиавии аҳолӣ тавассути таблиғи афкори ҳарбӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба клубҳои варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, тайёр намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад.
«Шафақ» мустаҳкамии пояҳои тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии наврасон, иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани шуури мудофиавии аҳолӣ, якдигарфаҳмӣ, зебогӣ, дӯстӣ ва эҳсоси ватандӯстист.
Бозии ҳарбӣ – варзишии «Шафақ» бо мақсади таблиғ ва ташаккули тарзи солими ҳаёт байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мукаммал гардонидани ҳолати рӯҳиву маънавӣ ва омода намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Артиш гузаронида мешавад.



kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru