СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБҲОИ РОНАНДАГӢ

Дар низоми омодасозии кадрҳои ронандагӣ батадриҷ меъёри сифат шарти асосии пояи обрӯ ва маҳбубияти дилхоҳ муассисаи таълимӣ новобаста ба шакли моликияти он гардида истодааст. Ин соҳа ба яке аз шохаҳои бозори хизматрасонӣ табдил ёфтааст, ки қонуниятҳои хоси талаботу таклифоти худро дорад. Агар чанд сол муқаддам барои довталаби ихтиссоси ронандагӣ танҳо дарёфти ҳуҷҷат ва идораи автомобил муҳим бошад, аёни ҳол онҳое, ки нияти ронанда шудан доранд, ба сифати таълим, заминаи моддӣ – техникӣ ва дараҷаи таъминоти бо воситаҳои аёнии электронӣ ва ғайра аҳамияти бештар қойиланд.


Бо мадди назар гирифтани хостаҳои довталабон ва маҳбубу пойдор дар шароити шароити босуръат шиддатёбандаи рақобат миёни иштирокчиёни арсаи тайёр намудани кадрҳои ронандагӣ Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи амали худро тарҳрезӣ намуда, соли равон ба тадбиқи марҳилаи аввали он шурӯъ намуд.
Гузариш ба усули электронии омӯзиш дар муассисаҳои таълимии ташкилон аз нахустин қадамҳост, ки дар роҳи касби ҳиссаи бештари довталабони касбҳои ронандагӣ гузошта шуд.
Ба бурду бохт ва чигунагии ҷорӣ намудани ҳар як таҷрибаи тоза аз рӯйи натиҷаҳои ба боровардаи он баҳо медиҳанд. Натиҷа: қонеъкунанда ва олист. Пас аз он, чанд синфхонаи таълимии мактаб бо усули электронии омӯзиш таҷҳизонид шуд, ҳиссаи заҳмати муаллим дар ташкили дарс кам шуда, баръакс дараҷаи саводнокии соҳавии ҳунарҷӯён афзуд. Гувоҳи ин гуфтаҳо зиёд шудани теъдоди он идда аз ҳунарҷӯёнест, ки аз маротибаи аввал дар имтиҳони БДА комёб меграданд.
Мавриди зикр аст, ки ин шеваи таълим аз маҷмӯӣ дастгоҳҳои диҷитолӣ, аз қабили компетер, монитор, мултимедиапроектор, барномаи литсензияшудаи компютерӣ ва дигар қисмҳои иловагӣ иборат буда, Мактаби муттаҳидаи техники ҷумҳуриявӣ дар ҷорӣ намудани он миёни дигар муассисаҳо ҳамчун муассисаи заминавӣ ва намунавӣ интихоб шудааст.

kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru