АВТОМОБИЛ: Воситаи зиндагӣ ё манбаи хатар?

Бо фурӯ рехтани девори хоҷагидории сотсиалистӣ Тоҷикистон ба тиҷорати озод бо кишварҳои ҳаммарз ва тавассути қаламрави онҳо ба давлатҳои хориҷаи дур рӯ овард. Ҳамқадам бо ин гардиши қисматсози таърихӣ бозори фурӯши озоди автомобил ташаккул ёфт.

Автомобил замоне орзуи дастнорас буд.
Имрӯз чӣ?


Имрӯз ин ҳақиқат, ки замони шӯравӣ харидории автомобил ё соҳиб шудан ба он барои бархе орзӯи дастнорас буд, ба ҳукми таърих ворид шудааст. Он замон ҳатто нафароне, ки имконияти молиявии харидории мошинро доштанд, аз рӯи тартиби маъмул навбат меистоданд. Лозим меомад, ки сарчашмаи пайдоишии дороии пулии худро нишон диҳанд, дигар ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод созанд.
Тамғаҳои автомобили он замон машҳур «Запорожетс», «Москвич», «Жигули», «Волга», «Нива» ва «Лада», чун имкониятҳои тавлидотии корхонаҳои истеҳсолкунандаҳои онҳо маҳдуд буд, бо теъдоди кам ба фурӯш гузошта мешуданд. Дар муқобили арзаи маҳдуди ин қабил мошинҳо шумори харидорон, ки солҳо навбат мепоиданд, хело зиёд буд. Ҳукумати шӯравӣ монеи воридоти мошинҳои тавлидоти хориҷӣ мешуд.
Гоҳо мардуми хуштолеъ дар лотореяҳо ё бозии вомбаргҳо автомобил бурд менамуданд, ки теъдоди онҳо ангуштшумор буд. Маҳз бинобар чунин мураккаб будани тартиби харидории автомобил роҳҳои ғайрирасмии соҳиб шудан ба он, ба мисли шиносбозӣ ва ғайра истифода мегардиданд.
Аксари онҳое, ки солҳои дар хоки Афғонистон қарор доштани кӯшуни маҳдуди шӯравӣ дар ин кишвар фаъолияти хизматӣ доштанд, баъди чанд соли фаъолият бо ҳуҷҷати имтиёзноке бармегаштанд, ки барояшон имкон харидории автомобили он замон шӯҳратёри «Волга» - ро фароҳам меовард. Як қисми «Волга» - ҳое, ки нимаи дуюми солҳои ҳаштодум зебу ифтихори роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон буданд, ба қавле «савғои афғонӣ» ба шумор мерафтанд.
Кормандони ҳизбӣ ва масъулони соҳаи савдо низ ба осонӣ соҳиби «Волга» гардида, ҳамин тавр гуё аз дигарон як сару гардан фарқ мекарданд. Баъзе соҳибмансабон мошини харидаи худро ба номи наздиконашон ҳуҷҷат намуда, баъд ба сари чамбараки фармони мошин менишастанд.
Он вақт бозори мошинфурӯшӣ вуҷуд надошт, мошинҳо тавассути шабакаҳои савдои давлатӣ интиқол ва фурӯхта мешуданд. Аз рӯи ҳисоби оморӣ дар ҳафтод соли Ҳукумати Шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳудуди беш аз 70 ҳазор автомобил ворид шудаааст, дар 19 соли истиқлолият бошад, наздики ниммиллион.

Тоҷикистон – бозори мошинҳои дасти дуюм?

Иқтисоди бозоргонӣ ва гуногуншаклии моликият тиҷорати озоди автомобилро ба миён овард. Барои насли замони истиқлол навбатпойии даврони шӯравӣ ба хотири хариди автомобил афсонаеро мемонад, ҳақиқатеро шабеҳ аст, ки боварнокарданист. Зеро имрӯз ба ғайри бозорҳои расмии мошинфурӯшӣ, мардум дар сари кӯчаву роҳ мошини худро иваз мекунанд, мехаранду мефурӯшанд.
Тиҷорати сердаромади фурӯши мошин бисёриҳоро ба худ ҷалб намуда, соҳиби шуғлу маблағ гардонид. Як иддае аз онҳо, ки дар оғоз як ё ду мошин савдо мекарданд ва ё ба сифати миёнарави бозор буданд, имрӯз соҳиби ширкатҳои мошинфурӯшиянд. Дар ибтидо барои овардани мошин худ ба хориҷи кишвар сафар мекарданд. Имрӯз бошад, бо шарикони хориҷии худ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида, танҳо бор қабул мекунанд.
Мавзӯи ба бозори фурӯши мошинҳои дасти дуюм табдил ёфтани Тоҷикистон ба саҳифаҳои матбуот ва баъзе ҳамоишҳои расмӣ низ роҳ ёфта буд. Баъзеҳо ба таври худ дилсӯзӣ намуда, пешниҳод доштанд, ки воридоти мошинҳои кӯҳна ва ё дар гузашта дар истифодабуда манъ карда шавад. Зеро ба гуфти онҳо чунин мошинҳо захираи истифодаи худро ба охир расонида, метавонанд боиси сар задани садама гарданд ва ҳаёти инсонро зери хатар гузоранд. Аммо пешниҳодкунандагони ин ақида барои тақвияти гуфтаҳои худ далели мушаххасро натавонистанд намуна оранд.
Зеро вазъияти садамавӣ аз бисёр ҷиҳат аз кӯҳна ё нав будани мошин вобаста набуда, ба шароитҳои хоси рух додани садама, маҳорати ронандагӣ, риояи қойдаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайра алоқамандӣ дорад.
Салоҳ шуморида шуд, ки воридоти мошинҳои кӯҳна манъ карда нашавад ва бигзор мардуми тоҷик, ки замони шӯравӣ солҳои харидории мошинро интизорӣ мекашиданд, орзушикан шаванд.
Воқеан ҳам дар ибтидои оғози фурӯши озоди автомобил Тоҷикистон бозори фурӯши мошинҳои дасти дуюм буд, ки аз кишварҳои аврупоӣ ва Ҷопон тариқи кишварҳои ҳаммарз ба хоки ҷумҳурии мо ворид мегардидад. Айни ҳол бошад, воридоти ин қабил мошинҳо хело кам шудааст. Зеро харидорони бозори мошин акнун дар замоне, ки номгӯи мошинҳои дар бозорбуда хело васеъ аст, танҳо мошини босифат ва тамғаи муосирро харидорӣ мекунанд. Қонуни талаботу таклифоти бозор тоҷирони автомобилро водор намуд, ки мувофиқи табъу завқи харидорон амал намоянд.

Автомобил ва зиндагии тоҷикӣ

Мақсад аз харидории автомобил бастагӣ ба завқ, ниёзҳои маънавӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоию зарурати зиндагии ҳар фарди алоҳидаро дорад. Аз рӯи ҳақиқати маълум мардум барои осон кардани як паҳлӯи ҳаёти ҳаррӯзаи худ, аз қабили ба манзиле расидан ва ё бо истифода аз автомобил дарёфт намудани маблағи харҷи рӯзгор ва таъмини зиндагии худ чунин намуди воситаи нақлиётро харидорӣ мекунанд.
Чунин шакли муносибат ва ҳадафманд кардани харидани автомобил қобили пазириш аст. Дар ин маврид он воситаи сабуккунандаи зиндагӣ ва барои баъзеҳо манбаи дарёфти рӯзии хонаводаашон мегардад.
Аммо кам нестанд ашхосе, ки аз рӯи ҳавасҳои лаҳзавӣ дар масъалаи соҳиб шудан ба автомобил муносибат мекунанд. Ҳарчанд буҷаи оилаашон тавони бардошти хароҷоти вобаста ба таъмини сӯзишворӣ ва таъмирии ҷории автомобилро надорад, барои хариди он иқдом мекунанд.
Ҳанӯз дар моҳҳои аввали соҳиби автомобил будан зуд дарк мекунанд, ки он дар баробари роҳатрасонӣ мушкилофар ҳам будааст. Ба замми ин ҳар нафар дорандаи автомобил бояд донишҳои аввалияи техникии таъмири онро донад, то барои ҳар иллати ҷузъӣ пули худро сарфи хизмати устои таъмиргари мошин нагардонад.
Хусусан чунин камандешагӣ ва бемулоҳизагиро муҳоҷирони меҳнатӣ бештар содир мекунанд. Чун тирамоҳ аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, ба маблағи дар дастдоштаашон автомобил мехаранд. Ду – се моҳ онро тагу боло, сӯи шаҳру деҳа медавонанд, маблағи боқимондаи худро сарфи сӯзишворию таъмири он мекунанд.
Бо поён ёфтани зимистон дубора азми сафари дур мекунанд. Автомобили харида зеби кунҷи ҳавлӣ ё сари кӯча мегардад. То мавсими баргашт он зери борону офтоб бекор хобида, ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад.
Боз баъди бозгашт аз муҳоҷирати навбатии меҳнатӣ лозим меояд, ки маблағи овардаи худро сарфи таъмиру иваз намудани қисмҳои автомобил кунанд. Дар ҳоле ки чунин маблағҳои барҳадар рафтаро метавон ба тарбияи мукаммали фарзандон ё беҳдошти дигар паҳлӯи муҳими рӯзғордорӣ сарф намуд.
Ин қабил муносибати ҳавасборона нисбати автомобилдорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз нигоҳи масъулияти инсонӣ қобили қабул нест. Ба иловаи ин, ҳастанд шахсоне, ки гирифтори дарди талош барои мӯди мошини нав ба нав гардида, ҳар сол мошини худро ба зиёни худу оилаи худ иваз мекунанд.
Зеро то ҳол фарҳанги истеъмолии аҳолӣ дар сатҳи пойин қарор дошта, салиқаи мақсадноку бонизом масраф намудани дороиҳои молиявии шаҳрвандон дар ҷомеаи имрӯз ташаккул наёфтааст.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ:
Роҳҳо ба кӯи умед мебаранд


Тадбиқи ҳадафи стратегии давлат дар мавриди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ шароитҳои роҳаттареро барои автомобилу ронанда ба вуҷуд овард. Қаблан суръати ҳаракати автомобил дар роҳҳои Тоҷикистон бинобар харобу охурчадор будани онҳо хело суст буд. Автомобиле, ки тақдир онро меҳмони роҳҳои Тоҷикистон мекард, аз бахти талхи худ гуё нолиш менамуд.
Имрӯз бошад, роҳҳо ҳамвору қирпӯш ва суръати ҳаракат боло гардидааст. Автомобилу ронандаи он дами сабук мекашанд, роҳату осон ба манзил мерасанд. Нолишу ғиҷирроси қисмҳои мошин дар роҳҳо хело кам шудааст. Автомобилҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатто тавассути роҳҳои байналхалқӣ ба кишварҳои дур равуо доранд. Гардиши азиме рух дод, ки чанд даҳсола қабл кассе онро тасаввур наменамуд.
Лек роҳҳои ҳамвору суръати баланд низ агар аз доираи меъёру масъулият берун қадам гузорӣ, оқибатҳои номатлуб ва ҳатто маргбор дар пай доштааст. Баъзе ронандагон дар рӯи роҳи ҳамвору бемонеа он қадар ҷилави суръатро аз ихтиёр раҳо мекуннд, ки фурсати бозистиро аз даст дода, садамаҳои ҳалокатборро ба вуҷуд меоранд. Аксари садамаҳое, ки дар роҳҳои ба тозагӣ баъди таҷдид мавриди истифода қароргирифта рух додаанд, бинобар баланд намудани суръати ҳаракати ба вуқӯъ пайвастаанд.
Аз ин ҷост, ки автомобил дар баробари сабуккунандаи рӯзгори инсон будан, дар ҳолати истифодаи ғалат аз он метавонад, сарчашмаи таҳдид ба амнияти ӯ бошад. Дар як они мижжазадан саранҷоми бадфарҷоми неъмати ҳаёт гардад.


Бо як биниш ва таҳлили зудгузар наметавон ҳамаи паҳнои воқеияти тӯли даврони истиқлол бо ҷойгоҳи автомобил дар Тоҷикистон гиреҳхӯрдаро ба пуррагӣ фаро гирифт. Домони ин мавзӯъ ба ҳадде фарох ва умқи он ба андозае пуржарф гардидааст, ки тадқиқоти васеи публисистӣ ва ҳатто пажӯҳиши комили илмиро тақозо дорад. Шояд барои бархе ин нукта муболиғаомез тобад. Лек танҳо аз нигоҳи сатҳӣ чунин ба назар менамояд. Дар асл бошад, агар каме бо тафаккури таҳлилию интиқодӣ ва қиёсӣ сари ин мавзӯъ ба мулоҳиза равем, дармеёбем, ки автомобил ба чандин ҷузъу кулли рӯзгори ҷомеаи имрӯз, ки моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ – равонӣ доранд, рабт пайдо намудаву меҳвари муносибат ва алоқамандиро ба вуҷуд овардааст.
Ин танҳо аз назари аввал чунин менамояд, ки автомобилҳо дар роҳҳо чун қуттиҳои оҳанин ба ҳар сӯ дар ҳаракатанд. Чашмамон ба ин манзараи муқаррарӣ одат кардааст. Зеҳнамон онро камаҳамият гузоштааст. Тасаввур кунед, ки чун ба якборагӣ автомобил аз ҳаёти инсони асри мо тамоман нопадид гардад, чӣ хоҳад шуд? Қиёмати заминӣ ё …

А. Қодиров,
муфассири «Ватанпарвар»


kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru