Марҳамат ба литсейи касбӣ – техникии ТҶММ

Печать
Рейтинги истифодабарандагон: / 3
БадтаринБеҳтарин 

sample

 

 

 

Ба фаъолият оғоз намудани нахустин литсейи касбӣ – техникӣ дар сохтори ҷамъияти мудофиавии кишвар воқеан ҳам як падидаи нав буд, ки он ҳам самараи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии мамлакатамон ба шумор меравад.


 

 

Бартарияти  литсей дар он аст, ки хонандагонаш ҳамзамон бо аз бар намудани барномаи таълимии мактаби миёнаи умумӣ, соҳиби ихтиссосҳои мутахассиси соҳаи авиатсияи хурд, таъмиргари қисмҳои барқии автомобил ва ғайра гардида, ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти сабукраву борбарро низ ба даст меоваранд.

Яке аз ҳадафҳои дигари таъсиси литсей дар сохтори ташкилот, ки тамоюли техникӣ дорад, ин ҳам бошад, бо  асосҳои аввалияи техника ва сохтори ҳавопаймоҳои хурд ва воситаҳои нақлиёти гуногунтамға ошно намудани наврасони синни мактабӣ, дар вуҷуди онҳо бедор намудани шӯълаи майлу рағбатнокӣ нисбати олами пурғановати техникист, ки муҳаррики рушди бомайлони иқтисоди ҳамаи кишварҳои  мутараққӣ ба шумор меравад. Маҳз аз ин ҷост, ки дар барномаи таълимии литсей ба дарсҳои омӯзиши асосҳои техникӣ, бо ташкили машғулиятҳои амалӣ дар синфхонаҳои махсусгардонидашудаи лабораторӣ таваҷҷӯҳ дода мешавад.  Касбомӯзон дарсҳои амалии худро бо идора кардани ҳавопаймои АН- 2 гузаронида, инчунин маҳорати ҷаҳиш аз парашютро аз бар мекунанд.

Хурсандиовар аст, ки сол то сол шумораи касбомӯзони ин даргоҳи маърифат зиёд шуда истодаанд, ки аз боло  рафтани эътибори  ин муассисаи таълимӣ ва беҳтар шудани шароит ва сифати таълим дар он шаҳодат медиҳад.

Мехоҳед муҳассили ин боргоҳи донишу ҳунар бошед. Пас ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 10 муроҷиат кунед.  


kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru