ТАРАННУМИ ВАТАН

 

 


ВАТАН МАЪВОИ МЕЊР ВА САРЗАМИНИ АЉДОДЇ

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориѓ нашавам,

Фориѓи дар рањи ту мењри туро бохтан аст.

Беватан нест ѓарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ватан, мењан-сарзаминест, ки инсон дар он таваллуд шудаву ба камол мерасад. Мафњуми ватандорї, ватанхоњї ва ватандўстї дар нињоди њар як нафар бояд вуљуд дошта бошад.

Миллати тољик, яке аз миллатњои ќадимаи олам ба шумор мераванд, ки њазорон нобиѓањои оламшумулро дар оѓўши Ватан ба камол расонда, ки онњо дар рушди калидии илми љањон наќш гузоштаанд. Имрўз ва боз садсолањои дигар миллати тољик бо онњо ифтихор хоњад кард. Ба ќадри табиати нотакрор ва обу њавои Ватан касе бештар мерасад, ки боре аз Ватан дур афтодаасту шањди ѓарибиро чашидааст.

Дар осори гузаштагони мо иборањои ватандўстї ва мењанпарастї зиёд вомехўранд, ки сартопо талќинкунандаи ватандўстї мебошанд.

Барњаќ устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Чун нињодам пойи худро бар сари хоки Ватан,

Борњо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.

Дар бораи осор ва хизматњои устод Мирзо Турсунзода Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зикр доштанд: «Муњаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аљдодї, обу хоки Ватан, бешубња барои наслњои зиёди миллат њамчун намунаи олии ибрат хизмат хоњад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ў тимсоли хизмати содиќонаи як фарди зиёї ба нафъи халќу Ватани хеш мебошад.

Устод Мирзо Турсунзода воќеан Ќањрамони Тољикистон аст. Мењри ў дар ошёни баландтарин – дили халќ маъво гирифтааст ва халќ хотираи неки фарзанди мањбуби хешро то абад њифз хоњад кард».

Дар марњилаи љањонишавї ва бархурди тамаддуну фарњангњо ватандўстї фишанги асосии њаракатдињандаи љамъият ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастї ба њисоб меравад. Мушоњидањои њамарўза нишон медињад, ки дарки моњияти ватандўстии насли нави кишвар ба маротиб боло рафтааст. Њар куљо бо ин насли созанда суњбат ороста шавад аз давлатдории навини худ ба ифтихор њарф мезананд, онро азизу гиромї, њар зарра хокашро аз ганљ ќиммат, обу хокашро муќаддас, њифзашро ќарзи фарзандї ва сањм гузоштан дар ободониашро масъулияти шањрвандї медонанд.

Ватан бар ман азизи њамчуноне бар танам љонам,

Ба љуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст ањду паймонам,

Тамоми њастиям пайваста бо ту эй Ватан љонам.

Ба ќадри Ватан расидан аз он ифтихор кардан ва дар баробари он дар рушди он сањм гузоштан вазифаи њар шањрванди кишвар ба њисоб меравад. Ба ибораи сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон “Таъкид бояд кард, њифзи Ватан, њимояи манфиатњои давлат, тањкими дастовардњои истиќлолият ва мустањкам намудани иќтидори мудофиавии мамлакат натанњо ќарзи хизматчиёни њарбї, балки вазифаи муќаддаси њар як шањрванд аст”.

Дар олам халќиятњое вуљуд доранд, ки дар орзуи истиќлолият ва вањдати миллї њастанд вале ин неъмат ба онњо муяссар нагаштааст. Онњо дар ин ё он кишвар умр ба сар мебаранду мутеи ин ё он миллат њастанд.

Миллати тољик аз азал миллати тамаддунофар буда дар тўли таърих шањрњову кишварњои зиёде бунёд намудааст яъне њамеша сарбаланду ватанхоњу ватандор буд. Њарчанд нотавонбинони ин миллат мехостанд миллати тољикро пароканда кунанд, борњо ба сари ин миллат лашкар кашиданд хушбахтона ин миллат њастияшро, фарњанги бою ѓанї ва забони ширину гуворояшро њифз кард. Таърих гувоњ аст, ки миллати тољик дар ягон давру замон ба сари ягон миллате лашкар накашидааст њамеша тањаммулгаро ва сулњхоњу озодихоњ буд.

Бо шарофати истиќлолияти давлатї ва вањдати миллї миллати тољик аз давлатдории навини худ ифтихор мекунанд ва кўшиш мекунанд, ки дар арсаи байналмилалї номи миллат ва ватани азизашон-Тољикистони озоду соњибистќлолро баланд бардоранд.

Чї тавре, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мањбуби кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд: “Љињати њифзи амнияти давлат, суботу оромии љомеа, тањкими минбаъдаи истиќлолияту озодї, вањдати миллї ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатњои милливу давлатї, шаъну шараф ва ѓурури ватандорї бисёр муњим мебошад, яъне њисси баланди миллї ва ифтихор аз шањрванди Тољикистон будан ба њайси омили мењварии муттањидсози љомеа дар зењну шуури њар як шахс бояд наќши муассир дошта бошад”.

Дар марњилаи кунунии зиндагї, ки баъзе аз гуруњњои нотавонбин бо дастгирии хољагонашон мехоњанд амнияти кишвари моро халадор кунанд. Онњо гумроњоне беш нестанд зеро фаромўш кардаанд, ки ин миллат дасисаву њадафњои нопоки онњоро медонад ба њељ ваљњ онњо ба боварї нашоянд. Бо обу нону намаки Ватан ба воя расиданд ва имрўз аз хориљи кишвар ба сари миллати тољик санг мепартоянд, ки ин нишонаи љавонмардї набуда як амали зишти ѓайри инсонї мебошад. Њељ гоњ ин миллат ин Ватан онњоро намебахшад ва дар урфияти гуфтаанд, ки “Бори каљ ба манзил намерасад”. Онњо низ њељ гоњ ба маќсади нопоки худ нахоњанд расид зеро “Аз дасти талбанда дасти дињанда бењтар аст”.

Чї тавре, ки дар рубои боло зикр шуд онњо дар њамин Ватан беватан буданд яъне “Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст”.

Тољикистони ободу озоду соњибистиќлол дорои табиати бињиштосо, руду дарёњои мусаффо ва мардуми мењмонавозу поксириштро дорост. Ин Ватан боиси дуст доштан аст, чун љон њифзаш бояд кард нагузорем, ки њељ як нотавонбин ќадами нопоки худро ба ин сарзамини аљдодї гузорад.

Торе, ки туро Ватан нахоњад, назанам

Он дил, ки ѓами Ватан надорад, шиканам

Шамъе, ки барои Ватан насўзад, бикўшам

Чашме, ки туро Ватан набинад, биканам

Дар њифзи марзу буми кишвар љавонон бояд њамеша омода бошанд ва ихтиёран ба сафи Ќуввањои мусаллањи кишвар рафта дар назди Модар-Ватан ќарзи фарзандии худро адо намоянд. Имсол аз таъсисёбии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон 29-сол пур шудl. Албатта дар назди таърих29-сол на он ќадар соли тўлони аст вале набояд фаромўш кард, ки баъди пошхўрдани Иттињоди Шўравї ба кишвари мо ягон меросї њарбї боќї намонда буд. Бо талошњои пайвастаи Сарфармондењи Олии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон, генерали Артиш муњтарам Эмомалї Рањмон, Ќуввањои мусаллањи кишвар дар заминаи хушк яъне аз сифр бунёд гардид ва дар муддати 29-сол ба як артиши пуриќтидор табдил ёфтааст.

Таъкиди Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои љавонон бисёр муњим ва ба маврид аст, ки гуфтаанд: “Љавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандўстї, расидан ба ќадри сарзамини аљдодї ва њифзи осудагиву оромии он барои њар як фарзанди бонангу номуси миллат њам ќарз ва њам фарз аст”.

Бо маќсади дар нињоди насли наврас бедор намудани њисси худшиносї, ватандўстї ва аз даст надодани зиракии сиёсї дастаљаъмона таваљљуњ зоњир бояд кард. Њисси ватандустиро нахуст дар оила ба фарзандон бояд омўхт баъдан дар мактаб ва дар муњити атроф њисси ватандўстї ташаккул ёфта фарзанд барои њимояи Ватан омода мегардад.

Набояд фаромўш кард, ки Модар-Ватан бо њазорон орзуњои нек моро ба воя мерасонад то ин ки њамаваќт бањри њифзаш омода бошем. Тољикистони азизи мо ва мардуми шарифи кишвар бо роњбарии Пешвои миллатамон муњтарам Эмомалї Рањмон ба сўйи созандагиву бунёдкорї ќадамњои устувор гузоштаистодаанд. Дар даврони соњибистиќлолии мамлакат кишварамон симои худро ба кулли таѓйир дода рушди он бо маром идома дорад.

Тољикистон имрўз ба яке кишварњои амнтарини сайёра ба њисоб меравад ва дар замони истиќлолияти давлатї кишвари соњибистиќлолї мо дар њамаи љанбањо рушд кардаву миллати тољик дар фазои сулњу оромї умр ба сар бурдаистодаанд.

Хулоса, миллати тољик миллати ватандўсту хештаншинос аст ва сидќан якљо мегўем, ки:

... Ту модарї, ягонаї,

Баќои ту бувад баќои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми љисму љони мо.

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту њастиву њама љањон, њабиби мост, њабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,

Тољикистони озоди ман.

 

“ВАТАНПАРВАР”

 

kaz-news.ru | ekhut.ru | omsk-media.ru | samara-press.ru | ufa-press.ru