Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Саҳифаи асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

Десантчии ҷавон будан орзуи шумост?

sample

Дар  арсаи  варзиш танҳо такя намудан ба маҳорати асил, машқу тамрини пайваста ва хастагинопазир, гузашта аз ин садоқату дилбастагии пуршавқ ба ин ришта метавонад барои касби қуллаҳои тобноку пурдурахши музаффарият  роҳ кушояд. Ин ҳақиқати  бебаҳс ва шубҳанопазирро дарк намуда, аз умқи дил пазируфта варзишгарони риштаи карате-кёкушинкайи маҳфили варзишии «Десантчиёни ҷавон»-и назди ТҶММ омодагии худ баҳри иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро тақвият медиҳанд.

 

 

 

Ҳадафи  таъсиси маҳфли   «Десантчиёни  ҷавон»  барои  хизмат  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  кишвар, омода  намудани  наврасону  ҷавонон  тавассути  ташкили  маҳфилҳои  варзишӣ  ва  фароҳам  овардани   шароиту  имконоти  лозимӣ  барои  ҷалби  наврасону  ҷавонон  ба  намудҳои  мухталифи  варзиш  ва  рушди маҳорату  малакаи  варзишии  онҳо  ба  шумор  меравад. Дар ин маҳфил  варзишгарони наврасу ҷавон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунанд.

Шумо десантчии ҷавон – муҳофизи ояндаи Ватан будан мехоҳед. Пас, метавонед ба бахши «Десантчиёни ҷавон» - и ТҶММ дар шаҳри Душанбе бо нишонии кӯчаи Спортивная 12 муроҷиат намоед.

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер