Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Саҳифаи асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

ТҶММ ва файзи истиқлол

Ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон зинаҳои камолоти худро бо марому бо навбат сипарӣ намуда, кунун дар марҳилаи таърихии мансуб ба даврони соҳибистиқлолиаш расид.

Ҳарчанд хишти нахусти пойдевор ва бунёди иморати ин созмон дар аҳди ҳукуматдории шӯравӣ гузошта шуд, лек истиқлолият онро ба ворисӣ гирифта, бо чеҳраи хос ва таъиноти фарқкунанда дар замони аз нигоҳи ҳуқуқиву иқтисодӣ дигаргуна қуввату ҳастӣ бахшид.  

Таърихномаи созмони мудофиавии кишвар чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол бо тағйироту таҳаввулоти сиёсиву ҷамъиятии сарнавишти миллати тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.
Бо эълони истиқлолияти давлатӣ ба ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон лозим омад, ки ба воқеиятҳои нави замонӣ мақоми ҳуқуқӣ ва номгузории худро мутобиқ созад. Аз ин нигоҳ дар нахустин Анҷумани ташкилот, ки дар ибтидои даврони мустақилият барпо шуд, ДОСААФ тағйири ном намуда унвони Ташкилоти мададгори мудофиаро гирифт.

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд оғози соҳибистиқлолии кишвар бо даврони пурошӯби низоъҳои дохилӣ ҳамроҳ буд, ки раванди ин ҳодисаҳои нангин ба фаъолияти Ташкилоти мададгори мудофиа бетаъсир намонд. Дар ин замон чун аксари соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолияти созмони мудофиавии кишвар фалаҷ гардида, ба пойгоҳи моддӣ - техникии он зарари ҷиддӣ расонида шуд. Дар натиҷаи бедодгарӣ, вазъи ноустувори амниятӣ, ба майдони набардҳои сангин табдил ёфтани баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, тороҷгариҳои дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунии ҷангҷӯй моликияту амволи ташкилот ба яғмо бурда шуд. Воситаҳои нақлиёти таълимии Ташкилоти мададгори мудофиа дар баъзе ноҳияҳои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои минтақаи имрӯзаи Раштро дастаҳои силоҳбадаст рабуданд.
Ҳамзамон бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба эътидол омадани авзои сиёсию амниятӣ чун дигар соҳаҳо дар фаъолияти Ташкилоти мададгори мудофиа низ тамоюли эҳёи раванди иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Лек ҷараёни ба марҳилаи рушди устувор ворид шудани Ташкилоти мададгори мудофиа аз оғози солҳои 2000-ум ибтидо ёфт. Маҳз дар ҳамин давра бо беҳтар шудани вазъи иқтисоди миллӣ ва боло рафтани дараҷаи зиндагии аҳолӣ нишондодҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва молиявии Ташкилоти мададгори мудофиа ҳамасола ба маротиб афзоиш ёфтанд, созмони мудофиавии кишвар тавонистанд, ки фаъолияти мукаммалро дар ҳама самтҳои афзалиятноки оинномавиашон ба роҳ монанд.
Падидаи муҳими 20 - соли мавҷудияти ташкилот ин эҳёи бозии ҳарбӣ - варзишии "Шафақ" мебошад, ки соли гузашта бори аввал дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Сипас он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардида, даври ҷумҳуриявӣ дар пойтахти кишварамон баргузор шуд. Минбаъд ин чорабинии муҳими аҳамияти ҳарбӣ - ватандӯстидошта ҳамасола ба таври анъанавӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ташкилу гузаронида мешавад.
Роҳбарияти ташкилот ба масъалаи ба вазифаҳои сарварии кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъин намудани кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин ҳошия ба вазифаи раисони кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии Истаравшан, Норак, Шоҳмансур, Спитамен ва Дарвоз таъин намудани мутахассисони ҷавони соҳа мисол шуда метавонад, ки айни ҳол нишондиҳандаҳои фаъолияти ин зерсохторҳо намуна ва қобили таҳсинанд.
Аз шумори занон низ дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа даҳҳо нафар дар сохторҳои гуногуни ташкилот дар вазифаҳои раисони кумитаҳои шаҳрӣ, муовини аввали раиси кумитаи вилоятӣ, сармуҳосиб, сардори шӯъбаи кадрҳо ва ғайра фаъолияти пурмаҳсул дошта, бо масъулиятшиносӣ ва иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ миёни кормандон ҷойгоҳу эътибори хосса доранд.
Ташкилот аз рӯи муқаррароти оинномавӣ тавассути таъсис ва нашри рӯзномаву маҷаллаҳо, инчунин саҳмгузорӣ дар таҳия ва пахши барномаҳои радиоиву телевизионӣ фаъолияти тарғиботӣ ва маърифатбахшии ватандӯстонаро ба роҳ мемонад. Аз ин нигоҳ он рӯзномаи "Ватанпарвар"- ро нашр намуда, бо истифода аз минбари ин нашрия аз як ҷониб фаъолияти соҳаро дар самти пешбурди корҳои оммавӣ - мудофиавӣ инъикос месозад, аз ҷониби дигар бошад, афкори ватандӯстиро миёни аҳли ҷомеа ташаккул медиҳад.
Ба роҳ мондани таҳия ва пахши барномаи телевизионии "Ватанпарвар" тавассути Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон низ василаи фарогир намудани тадбирҳои иттилоотӣ-ташвиқотии ватанхоҳист, ки созмони мудофиавии кишвар онро бомаром ва босамар тадбиқ карда истодааст.
Он марҳилаи рушде, ки созмони ватанпарастони кишвар дар даврони истиқлол сипарӣ намуд, заминаи мусоидеро барои фардои боз ҳам беҳтар асос гузошт, таҷрибаву малакае, ки дар ин даврон ҳосил шуд, дар даҳсолаҳои минбаъда мададгору нафърасон хоҳад буд.
Пешрафти соҳаи мададгори мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҷузъи ҷудонопазири раванди вусъатёбандаи рушди миллист, ки муваффақияти он аз ҳамбастагӣ ва муттаҳидии ҳар яки мо вобаста аст. Бо итминон метавон тазаккур дод, ки мо ба бозёфтҳои тоза, шукуфоии бештар ва равнақу нумӯи афзун ҳатман комёб хоҳем гардид.

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер