Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Саҳифаи асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

ВАРЗИШ

 

 

 

Аъзои ТЉММ – барандаи медали тилло дар Љоми љањон оид ба пауэрлифтинг

 

Варзишгари тавоно ва умедбахш Мањмадсолењ Салимов - аъзои Ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Љумњурии Тољикистон дар Љоми љањон оид ба пауэрлифтинг, ки дар шањри Новосибирски Федератсияи Россия баргузор гардид, барандаи медали тилло гардид.

Варзишгарони номовари тољик оид ба пауэрлифтинг Шокир Раљабов ва Мањмадсолењ Салимов шоми дирӯз аз мусобиќаи бонуфузи Љоми љањон оид ба ин риштаи варзиш бо дастоварди арзанда ба Ватан баргаштанд. Ќањрамонњоро дар фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе кормандони масъули Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Љумњурии Тољикистон, таълимгирандагони Коллељи техникї – технологии назди ТЉММ, наздикону дӯстон ва намояндагони Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Љумњурии Тољикистон бо гулу гулдаста истиќбол намуданд.

Ин ду варзишгари муваффаќи мо дар Љоми љањон оид ба пауэрлифтинг, ки дар шањри Новосибирски Федератсияи Россия баргузор гардид иштирок карда, шарафи кишвари моро њифз карданд. Мањмадсолењ Салимов дар мусобиќаи мазкур дар вазни 100 кг иштирок намуда, нишони тиллоро ба даст овард. Шокир Раљабов бошад дар вазни беш аз 120 кг ќувва озмуда, ќањрамони мутлаќи љањон оид ба пауэрлифтинг гардид.

Ёдовар мешавем, ки нишондоди мазкур аввалин дастоварди варзишгарони мо нест. Шокир Раљабов инчунин ѓолиби Љоми Аврупо дар вазни беш аз 125 кг буда, рекорди љањониро бо бардоштани 335 кг дар ин намуди варзиш ба номи худ муњр задааст. Мањмадсолењ Салимов бошад, барандаи нишони тиллои мусобиќаи љањонии “Паланги тиллої” буда, дар чандин мусобиќањои сатњи байналмилалї низ натиљањои бењтарро ба даст овардааст.

Мањмадсолењ Салимовро бо чунин дастоварди шоён, ки ифтихори миллат ва намоёнгари болоравии эътибори варзишии Тољикистон соњибистиќлол дар сатњи љањонї ба шумор меравад, раиси Кумитаи марказии Ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Љумњурии Тољикистон генерал – майор Файзалї Лангариев тањният гуфта, ўро бо ифтихорнома ва тўњфаи арзишнок ќадрдонї намуда, барояш музаффарият ва пирўзињои тоза дар мусобиќоти минбаъда таманно намуд.

 

 

Мусобикаи тирандози миёни сарбозон дар ВМКБ

 

 

 

Бо дастгирии раёсати кор бо љавонон ва варзиши ВМКБ ва Клуби вилоятии варзишї - техникии ТЉММ - и вилоят байни сарбозон мусобиќаи тирандозї гузаронида шуд.Дар он аскарони ќисми низомии Сарраёсати Ќушунњои сарњадии КДАМ ва ќисми низомии Вазорати мудофиаи кишвар дар Хоруѓ миёни њам раќобат карданд.

Муовини сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят Сураљ Чоршанбиев дар оѓози чорабинї баромад намуда ќайд кард, ки дар шароити соњибистиќлолии кишвар мувофиќи њадаф ба роњ мондани корњои тарбиявї, бедор намудани њисси ватандўстию мењанпарастї, худогоњиву хештаншиносии наслњои наврасу љавон аз масоили асосї ба шумор рафта, дар тањкими рукнњои давлатдорї замина мебахшанд.

Зикр шуд, ки чунин мусобиќањо имкон медињанд, то шавќу раѓбати љавонон ба хизмати низомї бештар шуда, наслњо аз њар гуна аъмоли бади рўзгор, ба мисли нашъамандию майгусорї, шомилшавї бар гурўњњои ифротгаро ва ѓайра даст мекашанд ва бо ѓурури баланди ватандорї дар тањкими сулњу субот, њифзи марзу буми кишвар наќши созанда мегузоранд. Дар фарљоми мусобиќа ба сарбозони њар ду ќисми њарбї ифтихорномаву мукофот таќдим гашт.

 

 

 

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер