Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Саҳифаи асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

Дар бораи мо

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вориси ДОСААФ – и Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, имрӯз дорои заминаи мустаҳками техникӣ, анъанаҳои пуршарафи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯсӣ, ҷамоаи меҳнатии корозмуда  буда, дар сафҳои худ беш аз садҳо ҳазор аъзоёни ихтиёриро муттаҳид месозад. Ҳамасола он барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан сафарбар менамояд.

Барои тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи чорабиниҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ – варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватанпарастона дорад. Имрӯз дар натиҷаи амалӣ намудани барномаи дигаргунсозиҳо он ба захираи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ – таълимӣ ва ҳарбӣ – варзишӣ соҳиб гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон аҳамияти доимӣ зоҳир намуда, дар ҳар як мулоқоту суханронии хеш пайваста дар ин хусус таъкидан изҳори назар менамоянд.  Аз ҷумла бисёр бамаврид ва воқеъбинона дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки «Барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, идеологияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ идеологияи аз ҳама асосӣ мебошад».

Идомаи мантиқии талошу таваҷҷӯҳи ватандӯстонаи сарвари давлатамон мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2015» 1 марти соли 2012 тасдиқ шуд.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию фановарии эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад, дар доири тадбиқи Барномаи мазкур чорабиниҳои зиёди моҳияти ватандӯстӣ доштаро муваффақона амалӣ намуда истодааст. Имрӯзҳо даҳҳо клубҳои авиатсионӣ, варзишӣ – техникӣ, тирандозӣ, мотосиклронӣ, картингронӣ, авиамоделизм ва десантчиёни ҷавон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар ихтиёри наврасону ҷавонон қарор доранд, ки барояшон пойгоҳи тарбияи завқи техникӣ, сайқал додани маҳорати варзишӣ ва мактаби мардонагиву ҷасорат гардидаанд.
Бо боварии том метавон иброз дошт, ки Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳими аҳамияти миллӣ - давлатидошта, аз қабили тарбияи ватанпарастӣ (ҳарбӣ - ватанпарастии) шаҳрвандон, тайёр намудани шаҳрвандон аз рӯи ихтиссосҳои ҳарбӣ – техникӣ, рушду инкишофи намудҳои авиатсионӣ ва техникии варзиш, иштирок дар инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш, саҳмгузорӣ дар тайёр намудани шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ба хизмати ҳарбӣ, тайёр намудани мутахассисони касбҳои оммавии техникӣ ва инкишофи эҷодкории техникро минбаъд низ пурсамар ва натиҷабахш тадбиқ хоҳад намуд.

 

 

Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер