Баннер
ШУМО ДАР / ВЫ ЗДЕСЬ : Саҳифаи асосӣ
/// Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, таҷрибаву амали ғаниву созандаи худ мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи завқи техникию эҷодкоронаи насли наврасу ҷавон – соҳибони фардои дурахшони мамлакатамон ба шумор меравад. ///

Таъкидҳои ватандӯстона дар Паёми Президент

Аслан ҳар як суханронӣ ё иқдому ташаббусе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстӣ дорад. Ватандӯстӣ низ дар тадбиқи амалҳои созандагӣ ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад.


Он се ҳадафи стратегии давлат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ низ худ ҷавҳару тобиши баръалои ватандӯстӣ доранд.
Вақте дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси рушди соҳибкорри ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсолӣ ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, инчунин ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодӣ миллӣ низ сухан меравад, ҳамаи ин тадбирҳо сирф аз дидгоҳи ватандӯстӣ пеш гирифта мешаванд.

 

Аз ҷумла бисёр бамаврид ва воқеъбинона дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки «Барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари Ватандӯстӣ ҳамчун мафҳум маъниҳои зиёдеро дар худ ғунҷонидааст. Он дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Ҳарфи асосӣ он аст, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайн воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист. Аз ин ҷост, ки дар ҷойе нигошта буданд, ки ватандӯстӣ набояд ҳусни ҳисоботӣ дошта бошад, он дар амал на ин ки дар сухан пояи мустаҳкам пайдо менамояд.
Паҳлӯи дигари мавзӯъ дар он аст, ки қабл аз анҷом додани ҳар амали ватандӯстона он бояд ба барнома, нақша ва заминаи маънавӣ асос ёфта бошад. Яъне, ҳар нафаре кореро ба нафъи Ватан карданӣ бошад, нахуст аз ин ҳадаф ё нияти худ бо сухан марому мақсадашро ошкор мекунад. Табиист, ки сифати ватандӯстӣ нахуст дар сухан зоҳир мегардад. Вале агар он танҳо бо сухан маҳдуд гардаду дар қолаби амал идомаи мантиқӣ пайдо нанамояд, он гоҳ боиси эътимод ва қобили таваҷҷӯҳу таҳсингӯӣ нахоҳад буд.
Бо назардошти ин нукта таъкидҳо ва вазифагузориҳои роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба амали воқеӣ бунёд ёфтааст. Ин шеваи амал дар ҳамаи соҳаҳо – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф ва дигар бахшҳои ҷомеа ба таври чашмрас зуҳур меёбад.
Дар даврони истиқлолият мардуми кишвар ба дарк ва шинохти масъулияти худ дар назди Ватан дуруст ва амиқ сарфаҳм рафтанд. Зеро истиқлолият ва таъмини пояҳои мавҷудияту ҳифзи муқаддасоти он сайъу талош ва азму ирода мехоҳад, ки аз ботини саршори ормонҳои ватанхоҳӣ берун меояд.
Бинобар ин дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ватандӯстӣ яке аз унсурҳои асосиро ташкил медиҳад. Аз ин хотир чандин барномаҳо дар самти тарбияи ватанпарастӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастӣ қабул гардида, аз ҷониби буҷети ҷумҳуриявӣ барои тадбиқи он маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.
Консепсияи миллии тарбия низ тарбияи ватанпарастиро омили муҳими ташаккули инсон муқаррар намуда, дар асоси он тарбияи ватандӯстӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олӣ мавзӯи марказист.
Бар замми ин дар Паёми имсолаи сарвари давлат ба парлумони кишвар вазифагузорӣ шуд, ки «Вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани насли ҷавон барномаҳои алоҳидаи давлатиро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.»
Масълаи тақвият бахшидани тадбирҳои вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ на танҳо дар муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати маориф ё дар самти кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пайваста аз ҷониби сарвари давлат таъкид мегардад, балки зарурати пурсамар ба роҳ мондани корҳои тарғиботу тарбияи ватандӯстӣ миёни сарбозону афсарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар ин зимн ҳамеша садо медиҳад. Дар ин маврид дар Паёми имсола чунин вазифагузорӣ шудааст:
«Бинобар ин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторҳои дигар вазифадоранд, ки доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, риояи савганди ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии хизматчиёни ҳарбӣ, интизоми ҳайати шахсӣ, риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва волоияти қонун, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон ва давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ чораҳои иловагии доимӣ андешанд.»
Воқеан ҳам миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доимо дар сатҳи боло нигоҳ доштани рӯҳияи ватанпарастӣ омили муассир ва муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро риояи интизомӣ ҳарбӣ, иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ ва дараҷаи омодагии ҷангӣ бо эҳсоси саршори ватанпарварӣ тавъам ва алоқаманданд.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмони мудофиавии кишвар ва ҷамъияти ватандӯстонӣ ҷумҳурӣ, ки ҳадафи асосии ойинномавии фаъолияташ баланд бардоштани сатҳу сифати маҷмӯи чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастӣ ба шумор меравад, дар ин ҷода ҳамеша бо тозакорӣ ва самаранокии амал тадбирҳои ҳамешагиро барои боло бурдани ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавонон ба мавриди иҷро мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 – феврали соли равон зери сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, барномаи «Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2015» тасдиқ гардида буд.
Дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо ин қабил барнома бори нахуст таҳия ва тасдиқ шуд, ки ба навъи худ рухдоди пураҳамият ва муҳим ба шумор меравад. Барномаи мазкурро Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия намуда, бо мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқа сохта, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуда буд.
Ҳадаф аз мавриди амал қарор додани ин барнома ба низоми муайян ва пурсамар ворид намудани маҷмӯи чорабиниҳои марбут ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ, таккон бахшидан ба рушду нумӯи намудҳои ҳарбӣ – амалии варзиш ба шумор меравад.
Барнома аз қисмати асосӣ ва замимаҳо иборат буда, дар таҳияи он гурӯҳи корӣ ҳамаи махсусиятҳои пешбурди фаъолиятҳои вобаста ба тарбияи ҳарбӣ – ватанхоҳӣ ва инкишофи намудҳои ҳарбӣ – техникии варзишро ба назари эътибор гирифтаанд. Дар қисмати ибтидоии барнома ҳадафи таҳия ва тадбиқ, моҳият ва аҳамияти он бо назардошти ҳадафҳои ойинномавии созмони мудофиавии кишвар асоснок карда шудаааст. Қисмати замимавии барнома аз маҷмӯи чорабиниҳои дар доираи тадбиқи он амалишаванда ва сарчашмаҳои молиявии иҷрои тадбирҳои пешбинишуда таркиб ёфтааст.
Ватандӯстии мо дар ҳолати ягонавии фикру амал, ҳамдилӣ, ризоияти ҷомеа, ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва дифоъ аз арзишҳои милливу муқаддасоти Ватан пояндаву нафърасон хоҳад буд. Дар Паёми имсола низ нукта возеҳу ҳадафрас зикр ёфтааст:
«Дар ин озмунгоҳи ҳасссоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросари миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо, пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи сиёсиву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию хусусӣ бартару болотар мебошанд»
Ҳар фарди огаҳдилу волоназар, ки саропои вуҷудашро эҳсоси саршори ватанхоҳиву ватандӯстӣ фаро гирифтааст, таҳти таъсири ин суханони поку пурсадоқат бояд ҳар амали хайру созандаро, бигзор кӯчак бошад ҳам, ба манфиати устувории андешаву рӯҳи миллӣ ва саодати ҳамватанон ба сомон расонад, то ватандӯстии ӯ аз эҳсос ба зуҳуроти воқеиятдошта табдил ёбад.


Абдурақиб Қодиров,
Сардори Хадамоти матуботи КМ ТҶММ


Шарикони мо

joomsport nike ea pepsi pepsi

Баннер
Баннер
Баннер